Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Мироҷ Абдуллоев (аз 22 апрели соли 2017).
Ҳизби Комунистии Тоҷикистон | |
---|---|
Ҳизби Комунистии Тоҷикистон | |
![]() | |
Санаи асосгузорӣ: | 6 декабр 1924 |
Қароргоҳ: | Душанбе |
Маром: | Marxism–Leninism[d], anti-capitalism[d], anti-fascism[d] ва social democracy[d] |
Шумораи аъзо: | 35000 |
Таърих
вироишҲизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ низ муддати солҳои тӯлонӣ раиси ҲКТ интихоб шуд.
Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Аввали соли равон котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъйин шуд. Аз апрели соли 2017 то имрўз Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев мебошад. Мироҷ Абдуллоеви 73 — сола, ки баъд аз шаш соли нафақа баромадан раиси ҲКТ Тоҷикистон интихоб шуд. [1].
Соли 2020 бино ба маълумоти пешвои коммунистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар сафҳои худ 35 ҳазор аъзо дорад, ки 17-20 фоизашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.[2]
Интихоботи соли 2025
вироиш12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.
Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифта шуд:
- Абдуллоев Мироҷ Санонович, таваллудаш соли 1948, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
- Почоев Иномҷон Исломбоевич, таваллудаш соли 1971, роҳбари Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд.
- Мирасанова Заррагул Боваровна, таваллудаш соли 1955, котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.
- Ҳасанов Отахон Фатоҳевич, таваллудаш соли 1960, котиби якуми сохтори Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе.
- Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор, таваллудаш соли 1969, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.[3]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Мироҷ Абдуллоев: Курсии Шабдоловро иваз намекунам! (tj). pressa.tj(пайванди дастнорас — таърих) (25 сентябри 2020). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
- ↑ Мироҷ Абдуллоев: Курсии Шабдоловро иваз намекунам! (tj). pressa.tj(пайванди дастнорас — таърих) (25 сентябри 2020). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
- ↑ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www. khovar.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Нусхаи бойгонишудаи сомонаи ҳизб (нусхаи аслиаш дастрас нест) 30 апрел 2014(пайванди дастнорас)