«Инқилоби ранга» — ин ибораест, ки ивазшавии реҷаи сиёсӣ, бо бӯҳрон ва эътирозҳои оммавиро дар Гурҷистон («Инқилоби садбаргӣ» соли 2003), дар Укроин («Инқилоби норанҷи» соли 2004), ва дар Қирғизистон («Инқилоби лолагӣ» соли 2005) ифода мекунад. Тадқиқотчиёни гуногун ба «Инқилоби ранга» ҳар навъ рӯйдодҳоро дохил мекунанд, ба ҷуз инқилобҳои дар боло овардашуда, Инқилоби Булдозерӣ, ки соли 2000 дар Сербия шуда буд аз ин навъ инқилоб шинохта мешавад. Тадқиқотчиён аз байни инқилобҳои ранга, инқилобҳои зеринро ба муваффақ ва номуваффақ ҷудо мекунанд:

  • Инқилобҳои муваффақ: «Инқилоби Булдозерӣ» ки соли 2000 дар Сербия, «Инқилоби садбаргӣ» соли 2003 дар Гурҷистон, «Инқилоби норанҷӣ» соли 2004 дар Укроин, «Инқилоби лолагӣ» соли 2005 дар Қирғизистон ва соли 2005 дар Либиё.
  • Инқилобҳои номуваффақ: Соли 2006 эътирозҳои оммави дар Белорус, соли 2008 эътирозҳои оммавӣ дар Арманистон, «Инқилоби сабз» соли 2009 дар Эрон, эътирозҳои оммавӣ дар Русия соли 2011 ва эътирозҳои оммавӣ дар Белорус, ки соли 2020 шуда гузаштаанд.[1]

Нигаред

вироиш


Адабиёт

вироиш
  • Petrov, Kirill (2020). Elites and Color Revolutions: The Logic of Russia’s Response, Russian Politics, 5(4), 426-453. doi:10.30965/24518921-00504003
  • Solovei, Valery (2015). Color Revolutions and Russia. In A. Przeworski (Ed.), Democracy in a Russian Mirror (Cambridge Studies in the Theory of Democracy, pp. 78-94). Cambridge: Cambridge University Press. doi:10.1017/CBO9781107282070.005

Пайвандҳо

вироиш
  1. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A6%D0%B2%D0%B5%D1%82%D0%BD%D0%B0%D1%8F_%D1%80%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D1%8F