Ирғай
Ирғай (Cotoneaster), ҷинси бутта ва дарахт аз настараниҳо. Баландиаш дар шароити Тоҷикистон аз 20 см то 3 м; барги кӯтоҳдумчаи соддаи байзашакли эллипсӣ, гули майдаи сафед ё гулобӣ, меваи сурхи арғувонӣ ё сиёҳ дорад. Қариб 100 намуди Ирғай дар Аврупо, кӯҳсори ноҳияҳои Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш, Миёна ва Марказӣ, Чин, Ҳимолой ва Шарқи Дур паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 15 намуди худрӯи Ирғай Cotoneaster zeravschanicus, Cotoneaster hissaricus, Cotoneaster suavis маълум буда, асосан дар нишебиҳои сангу регзор, шахсор, буттаву арчазор, шибляку фарқзор ва мавзеъҳои баландкӯҳ ва ғайраҳо мерӯяд.
Ирғай хусусияти хуби ороишӣ дорад.