Исаак Осипович Дунаевский
Исаак Осипович Дунаевский (1900-1955) — композитори барҷастаи Шӯравӣ (ИҶШС) ва дирижёр.
Дунаевский Исаак Осипович | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1900 |
Зодгоҳ | Харков |
Таърихи даргузашт | 1955 |
Маҳалли даргузашт | Москва(ИҶШС) |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | композитор |
Сабк | Тарона ва оперетта |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДунаевский Консерваторияи Харковро бо ихтисосҳои скрипка ва композитсия хатм намудааст. Дар солҳои ҷавонӣ дар оркестрҳо соз менавохт, ба намоишномаҳо мусиқӣ менавишт. Д. дар соли 1924 ба Москва кӯчида, корашро дар театрҳо давом додааст (мудири қисми мусиқӣ, дирижёри Театри Волно, театри Корш, Театри ҳаҷвӣ ва ғайра). С-ҳои 1929-1941 дирижёри мюзик-холи Ленинград; 1937 роҳбари ансамбли суруд ва рақси ленинградии Қасри пионерон; 1938-48 роҳбари ансамбли суруд ва рақси Хонаи маданияти маркази роҳиоҳанчиён буд. Дунаевский яке аз асосгузорони опереттаи Шӯравӣ мебошад. Дар соли 1927 опереттаи Дунаевский – «Домодҳо» намоиш дода шуд. Солҳои баъдӣ опереттаҳои «Водии тилоӣ», «Писари масхарабоз», «Ақоқиёи сафед» ва ғ. дар театрҳо намоиш дода шудаанд. Солҳои 30 эҷодиёти Дунаевский дар соҳаи кино оғоз гардид. С. 1934 мусиқии филми «Ҷавонони шодмон»-ро навишт, ки он кори аввалини ӯ дар ин ҷода буд ва ба вай шуҳрат овард. Баъдан ӯ ба якчанд филм мусиқӣ эҷод намуд («Дарвозабон», «Сирк», «Фарзандони капитан Грант», «Консерти Бетховен», «Волга-Волга», «Баҳор» ва ғайра) ва маҳорати барҷастаи Дунаевский дар жанри суруд кушода шуд. Ӯ як қатор суруд эҷод намуд, ки баъзеи онҳо дар ҷаҳон машҳур шуданд («Суруд дар васфи Ватан», «Валси мактаббачагон» ва ғайра).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.138. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)