Искандария
Искандария (ар. الإسكندرية ал-Искандария, мисрӣ: إسكندريه — Eskendereyya, юн.-қад. Ἀλεξάνδρεια, қибтӣ: ⲁⲗⲉⲝⲁⲛⲇⲣⲓⲁ ё ⲣⲁⲕⲟϯ, Рокуд хонда мешавад) — шаҳр дар шимоли Ҷумҳурии Мисри Араб, дар соҳили баҳри Миёназамин, дар қисми ғарбии резишгоҳи д. Нил. Маркази маъмурии муҳофаза (губерния)-и Искандария. Аҳолиаш 4,984 ҳазор нафар (2016). Аксарият мусулмони сунимазҳаб мебошанд. Узели р. о. ва мошингард, бандарӣ баҳрӣ (гардиши солонаи бор тақр. 15 млн тон), наҳри ал-Маҳмудия, ки бо дарёи Нил пайваст аст (аз аввали асри 19). Фурудгоҳи байналмилалии Искандария (номи дигараш ал- Нуза). Нуқтаи охирини қубурҳои нефту газгузар.
Шаҳр | |||||
---|---|---|---|---|---|
ар. الإسكندرية қибтӣ: ⲣⲁⲕⲟϯ | |||||
![]() | |||||
|
|||||
Координатаҳо | 31°12′ с. ш. 29°55′ в. д.HGЯO | ||||
Коди телефон | 889 | ||||
Таърих Вироиш
Искандарияро соли 332 – 331 то м. Искандари Мақдунӣ бунёд кардааст.[1] Дар охири асри 4 то м. дуввумин шаҳри бузург баъд аз Рум маҳсуб меёфт. Замони ҳукмронии сулолаи Птоломейҳо (305 – 30 то м.) пойтахти Миср ва яке аз марказҳои асосии тамаддунӣ элинӣ буд. Ҳангоми барҳам хурдани сулолаи Птолемейҳо (соли 30 то м.) ба ҳайати империяи Рум гузашт, аз охири асри 4 дар ҳайати империяи Руми Шарқӣ. Аз асри 7 тобеи хилофати Араб. Ҳангоми ҷангҳои туркони усмонӣ дар ин сарзамин (1517) шаҳр тамоман хароб гашт. Азнавсозии Искандария ба аввали асри 19 рост меояд. Дар Искандария маъбади муҳташами яке аз худоёни элинӣ Сорапис, оине, ки ақоиди динии мисриёну юнониҳоро мепайвандад мавҷуд аст; маъбад бо тандиси Сорапис ороиш ёфтааст (тандис аз тило ва устухони фил сохта шудааст). Дар Искандария осорхона ва китобхонаи машҳури Искандария воқеъ аст.
Иқтисод Вироиш
Искандария баъд аз шаҳри Қоҳира дуввумин шаҳри бузурги иқтиодии Миср аст. Зиёда аз 35%-и маҳсулоти саноатии Миср дар Искандария истеҳсол мешавад. Корхонаҳои саноатии мошинсозӣ ва коркарди филиз (корхонаи калонтарини киштисозии Миср), нафтбарорӣ, нафтукимиёӣ, радиотехника, нассоҷӣ (истеҳсоли матоъҳои пашмӣ, пахтагӣ-қоғазӣ ва маснуъ), дӯзандагӣ, чарму пояфзор ва хӯрока дорад. Дар Искандария қароргоҳи ширкати бузурги миллии нафт ва бонкҳои тиҷоратӣ мавҷуданд. Искандария аз шаҳри куҳнаи кӯчаҳояш тан ва шаҳри нав иборат аст. Дар шаҳри қадимаи Искандария маъбади Серапис, осорхона, китобхона, қасрҳо, майдони аспдавонӣ (иподром), сутунҳои Помпей (ё Диоклестин) мавҷуданд. Сарбанди Искандария ба ҷазираи Фарос пайваст буд, ки минои Искандар бо тандиси Посейдон (меъморСострати Книдӣ) воқеъ буд ва ба қатори «7 муъҷизаи олам» шомил аст. Инчунин, дар шаҳри куҳна дайрҳо ва истеҳкомоти мусулмонон – работҳо аз асри 13 (ал-Васитӣ, Сивар, ал-Ҳаққарӣ) ва масҷидҳо (асрҳои 17 – 19) ва ғ. мавҷуданд.
Илму фарҳанг Вироиш
Искандария маркази бузурги илӣ ва фарҳангӣ мебошад: Донишгоҳи Искандария (1942), Донишкадаи олии ҳифзи саломатии иҷтимоӣ (1955), Донишкадаи тадқиқоти тиббӣ, 3 китобхона, осорхонаҳо: римӣ-юнонии қадим (1892), санъати зебоӣ.
Адабиёт Вироиш
Энсиклопедия миллии тоҷик, ҷ. 4, саҳ.
Эзоҳ Вироиш
- ↑ ВЭ/ВТ/Александрия — Викитека(рус.). ru.wikisource.org. 27 январи 2023 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |