Исмоил Умар Ҷелиҳ
Исмоил Умар Ҷелиҳ (фр. Ismaïl Omar Guelleh, сумол. Ismaaciil Cumar Geelle, ар. اسماعيل عُمر جليه, зод. 27 ноябри 1946, Дир Дирава, Эфиопия) — дуввумин президенти Ҷибутӣ аз 8 майи 1999.
ар. إسماعيل عمر جيله | |
аз 8 майи 1999 | |
Пешгузашта | Ҳасан Гулед Оптидун |
Таваллуд |
27 ноябр 1947[1][2][3] (76 сол) |
Ҳамсар | Kadra Mahamoud Haid[d] |
Ҳизб | |
Эътиқод | суннӣ |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома ва фаъолияти президентӣ
вироишОилаи ӯ дар солҳои 1960 аз Эфиопия ба Ҷибутӣ кӯчид. Намояндаи мардуми Иссо. Вай дар полис хидмат кардааст, пас аз он ки Ҷибутӣ дар соли 1977 истиқлол ба даст овард, сардори хадамоти махфӣ таъйин шуд. Дар моҳи апрели соли 1999 номзадии ӯ ба ҳайси ҷонишини Ҳасан Гулед Оптидун ба президентӣ пешбарӣ карда шуд ва Ҷелиҳ 73 % овозҳоро гирифт. Дуввумин президенти Ҷибутӣ аз 8 майи соли 1999 ба кор шурӯъ намуд.
Дар моҳи декабри соли 2000, ӯ сардори бонуфузи полис Ёсин Яберо аз мақом барканор кард ва кӯшиши ошӯби нерӯҳои полисро саркӯб кард. Ябе ба муҳлати дароз аз озодӣ маҳрум карда шуд [4].
Исмоил Умар Ҷелиҳ дар соли 2005 дубора президент интихоб шуд, дар сурати набудани номзадҳои дигар, вай 100%-ро гирифт. Пас аз интихоби дубора, ӯ борҳо эълом дошт, ки нияти интихоб шудан ба давраи ояндаро надорад, аммо дар интихоботҳои президенти кишвар, ҳам дар соли 2011 ва ҳам дар соли 2016 ширкат варзид [4].
Тибқи сарқонуни кишвар, иҷозат дода шуд, ки барои 2 мӯҳлат номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда шавад, аммо дар соли 2010 Исмоил Ҷелиҳ Маҷлиси миллии Ҷибутиро маҷбур кард, ки ба конститутсияи кишвар тағйирот ворид кунад, то ба ӯ барои бори сеюм номзад шудан имкон диҳад. Ин боиси эътирозҳои калон аз соли 2010 гардид, ба мисли ҷунбиши бузурги демократӣ дар кишварҳои арабӣ. Эътирозҳо зуд саркӯб карда шуданд. Ҳизбҳои мухолифин дар интихобот иштирок накарданд, зеро танҳо як номзади номаълум бар зидди президенти амалкунанда дар бюллетени интихоботӣ пешбарӣ карда шуд. Дар интихоботи навбатии соли 2011, Исмоил Ҷелиҳ нисбат ба номзадҳои дигар беш аз 80%-и овозҳоро ба даст овард. Дидбони ҳуқуқи башар "Human Rights Watch" тасмим гирифт, ки интихобот одилона набуд, зеро пешвоёни ҳизбҳои мухолифин пеш аз овоздиҳӣ зиндонӣ шуда буданд. Дар баҳори соли 2016 дар интихоботи навбатӣ [5] Исмоил Ҷелиҳ беш аз 85%-и овозҳоро ба даст овард ва боз дар ин мақоми давлатӣ монд [6].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ https://www.presidence.dj/page/biographie-du-president (фр.)
- ↑ 4.0 4.1 Кусов, Виталий. Исмаил Омар Гелле: президент Джибути, биография и правление(рус.), Правители Африки: XXI век. Проверено 18 Декабри 2017.
- ↑ В Джибути стартовали выборы главы государства.
- ↑ Президент Джибути Исмаил Омар Гелле вновь выиграл выборы.. 20 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 май 2021.