Ҳасан Гулед Оптидун
Ҳасан Гулед Оптидун ( фр. Hassan Gouled Aptidon, сумол. Xasan Guuleed Abtidoon, ар. حسن جولد أبتيدون 15 октябри 1916 - 21 ноябри 2006 ) - аввалин президенти Ҷибутӣ.
фр. Hassan Gouled Aptidon | |
1959 — 1962 | |
27 июн 1977 — 8 май 1999 | |
Ҷонишин | Исмоил Умар Гелле |
1952 — 1958 | |
27 июн 1977 — 12 июл 1977 | |
Ҷонишин | Аҳмад Динӣ Аҳмад |
Таваллуд |
15 октябр 1916[1][2][3][…] |
Даргузашт |
21 ноябр 2006[4][1][2][…] (90 сол) |
Ҳизб | |
Эътиқод | суннӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар ҳудуди Сумолӣ таваллуд шудааст. Намояндаи халқи Исса (кавми мамасан). Аз соли 1952 то соли 1956 намояндаи Ҷибутӣ дар Сенати Фаронса ва дар солҳои 1959-1962 вакили Маҷлиси миллии панҷуми ҷумҳуриявӣ буд. Вай ба тарафдории истиқлолияти Ҷибутӣ аз Фаронса ва ба мукобили ба Сумолӣ ҳамрохҳ шудани кишвар баромад мекард. Баъди интихоботи соли 1958, ки дар он ҳизби Иттиҳоди ҷумҳурӣ, ки тарафдори бо Сумолӣ муттаҳид шудан буд, мағлуб шуд. Ҳасан Оптидун ҷонишини раиси Шӯрои ҳукумат шуд ва дар моҳи апрели соли 1959 намояндаи Ҷибутӣ дар Маҷлиси миллии Фаронса интихоб шуд. Солҳои 1963-1967 вазири маориф буд ва дар моҳи майи соли 1977 сарвазири кишвар шуд, ва 27 июн баъд аз истиқлолият ба даст овардани кишвар, Ҳасан Гулед Оптидун аввалин президенти Ҷибутӣ шуд, инчунин то июл сарвазири кишвар буд [5].
Дар соли 1981 Оптидун режими як-ҳизбиро эълон карда, сарвари ҳизби ягона — «Ваҳдати халкӣ барои рушд» гардид ва ҳамчун номзади ягона бори дигар президент интихоб шуд. Сарфи назар аз усулҳои назорати сахти идоракунӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиёти Чибутӣ меафзуд. Соли 1991 дар кишвар бо иштироки нерӯҳои мухолиф ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Моҳи сентябри соли 1992 Ҳасан Оптидун дар кишвар раъйпурсӣ баргузор кард, ва сохтори бисёрҳизбӣ дар кишварро бо иштироки на бештар аз чаҳор нерӯи сиёсӣ тасдиқ кард. Бо вуҷуди ин, ҳизби ӯ дар интихобот ҳамаи курсиҳои парлумонро ба даст овард ва худи Оптидун соли дигар ба мӯҳлати шаш сол боз интихоб шуд ва 60,7 фоиз овоз гирифт.
Дар солҳои 1990-ум иқтисоди Ҷибутӣ ба коҳиши шадид дучор гардид, ки Ҳасан Оптидунро водор кард, ки тасмим гирад, ҷиянаш Исмоил Умар Ҷелиҳро, ки соли 1999 интихоб шуда буд, вориси хеш дар курсии президентӣ номид. Бо вуҷуди ин, Ҳасан Оптидун то даргузашташ як шахсияти бонуфузи сиёсӣ ва мушовири асосии ҷияни худ президент Исмоил Умар Ҷелиҳ боқӣ монад.
Адабиёт
вироиш- Коллектив авторов. Африка. Энциклопедический справочник в 2 томах / Главный редактор Ан. А. Громыко. — М.: Советская энциклопедия, 1986. — Т. 1. А—К. — 672 с.