Исо ибни Умари Сақафӣ

Исо ибни Умари Сақафӣ (ар. عيسى بن عمر الثقفي‎; номаълум[1]766[1]) — забоншиноси араб, асосгузори мактаби наҳвшиносии Басра.

Исо ибни Умари Сақафӣ
Таърихи таваллуд номаълум[1]
Таърихи даргузашт 766[1]

Зиндагинома вироиш

Аз аҳли қабилаи Банӣ Сақаф (тахаллусаш аз номи ҳамин қабила аст). Осори Сақафӣ то замони мо боқӣ намондааст. Аз ишороти шогирдонаш Халил ибни Аҳмад, Сибавайҳ бармеояд, ки Сақофӣ муаллифи ду асар: 1) «Ал-Ҷомеъ» (ҷамъи қоидаҳои наҳви забони арабӣ); 2) «Ал-Икмол» («Пуркунанда») будааст. Сақафӣ кӯшидааст қонуну қоидаҳои забони арабиро ба низоми муаӣян дароварад. Дар «Ал-Ҷомеъ»-и Сақафӣ бори аввал дар бораи мафҳуми лаҳҷа ва калимаву мафҳумҳои ба қоидаҳои забони адабии арабӣ номувофиқ сухан рафтааст. Сақафӣ яке аз намояндагони «қироати сабъа» (ҳафт навъи тиловати Қуръон) буд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 арабская Википедия — 2003.

Адабиёт вироиш