Исфандиёр Ғуломзода

(Тағйири масир аз Исфандиёр Ғуломов)

Исфандиёр Ғуломов (Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович; тав. 15 феврали 1947[1], ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2018)[2].

Исфандиёр Ғуломов
Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович
Таърихи таваллуд: 15 феврал 1947(1947-02-15) (77 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо
IMDb: ID 0347878

Зиндагинома

вироиш

Исфандиёр Ғуломов 15 феврали соли 1947 ба дунё омадааст. Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд[3].

Хатмкардаи ГИТИС (1971), ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Эҷодиёт

вироиш

Бештар аз 80 нақш дар театр ва 50 нақш дар сенамо дорад[3].

Театр

вироиш

Федор Иванович («Қатра дар баҳр»-и М. Холов), Шоҳ («Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ), Ванеев («Эътироз ҳабдаҳ»-и Ю. Лиманов), Собир («Умед»-и Ш. Солеҳов), Муллокарим («Алафҳои бегона»-и С. Сафаров), Коко («Раҳгумзада»-и М. Хаёлов).

Синемо

вироиш

«Камина» (Туркманистон), «Ба хубӣ ҷудо мешавем», «Ау! Ғорати қатор», «Майдони найранг», «Мулоқот дар Самара» (Русия); «Гирдбод», «Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд», «Чор нафар аз чорсанг», «Қиссаи зиндонии Павиак» (Тоҷикистон), «Дарвеши ланг» (СССР, Маҷористон, Туркия), «Тулуъ дар Ганг» (СССР, Ҳинд), «Шаби охирини Шаҳризод», «Афсонаҳои нави Шаҳризод» (СССР, Сурия), «Чашмаи гӯё», «Марзи давлатӣ. Реги сурх», «Хушнудона нигар», «Сулҳ ба хонаи шумо», «Ҷаҳиш», «Оҳангҳои баҳорӣ», «Муҳосира» (СССР).

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш