Иттиҳодияи демократи масеҳии Олмон

Иттиҳодияи демократи масеҳии Олмон (CDU олмонӣ: Christlich Demokratische Union Deutschlands) — ҳизби сиёсӣ дар Олмон аст, ки 26 июни 1945 дар кишваре, ки Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса ишғол кардааст, таъсис ёфтааст.

Иттифоқи христиан-демократии Олмон
Пешво: Friedrich Merz[d][1]
Санаи асосгузорӣ: 26 июн 1945
Қароргоҳ:
Маром: Christian democracy[d], муҳофизакорӣ[d], liberal conservatism[d] ва pro-Europeanism[d]
Сайт: cdu.de(олмонӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Соли 1870 ҳизби Марказӣ ташкил карда шуд, ки иттифоқчии он дар Бавария аз соли 1919 Ҳизби Халқии Бавария буд. Дар соли 1933 Ҳизби марказӣ худро пароканда кард. Дар соли 1945 4 Ҳизби марказӣ барқарор карда шуд, ки дар ҳар як минтақаи ишғолӣ яктоӣ буд, вале аксарияти роҳбарияти ҳизби марказӣ бо баъзе аъзоёни Ҳизби миллии халқии Олмон 4 иттифоқи христианҳои демократ ташкил карданд. ИХД-и федералӣ соли 1949 бо роҳи муттаҳид намудани се ИХД минтақавӣ таъсис ёфта буд. Ба ғайр аз онҳо Ҳизби Халқии масеҳиёни сотсиалии Баден ба ИХД дохил шуд.

Дар ибтидо CDU як ҷунбиши шаҳрвандӣ буд, ки бояд як «ватани сиёсӣ» барои намояндагони католикҳо ва протестантҳо гардад. Мафҳуми «иттифоқ» дар номи ҳизб мебоист принсип ва характери интегратсионии ин ҳизби халқиро ба атрофиён возеҳ гардонад. Ҳанӯз соли 1945 ИХД дар Берлини Ғарбӣ ва Келн лоиҳаҳои барномавии худро иҷро мекард. Вай дар таҳти роҳбарии аввалин раиси он Конрад Аденауэр (1950—1966) давраи тараққиёти босуръатро аз cap гузаронд. Соли 1957 иттифоки ИХС/ИХД — дар Бундестаг аксарияти мутлақро ба даст овард ва ин дар таърихи баъд аз ҷанги Олмон ягона маврид аст. Дар айни замон, CDU бар хилофи SPD — ҳизби маъмулӣ дар асоси узвияти инфиродӣ набуд, аммо ба шарофати сиёсати муваффақи Конрад Аденауэр, CDU аз дастгирии васеи интихобкунандагон бархурдор буд.


30 июни соли 1989 кариб 668 ҳазор нафар буд. Раисони ҳизб пас аз Конрад Аденауэр (1950—1966) Людвиг Эрхард (1966—1967), Курт Георг Кизингер (1967—1971), Райнер Барзел (1971—1973), Хелмут Кол (1973—1998), Вулфанг Шойбле (1998—2000) буданд. Аз апрели соли 2000 то декабри соли 2018 Ангела Меркел вазифаи раиси ИХД-ро бар ӯҳда дошт. Аз 7 декабри соли 2018 то 22 январи соли 2021 Аннегрет Крамп-Карренбауэр дар вазифаи раиси CDU[2] буд.

Намояндагони ИХД шаш маротиба президента Ҷумҳурии Федеративии Олмон шуданд: Ҳенрих Любке, Карл Карстенс, Рихард фон Вайтсзккер, Роман Ҳерсог, Ҳорст Кёлер ва Кристиан Вулф ва панҷ маротиба — канслерҳои федералӣ: Конрад Аденауэр, Людвиг Эрҳард, Курт Георг Кизингер, Ҳелмут Кол ва Ангела Меркел.

  1. https://www.n-tv.de/politik/Merz-mit-94-62-Prozent-als-CDU-Chef-gewaehlt-article23076938.html
  2. Thomas Sigmund. Beim CDU-Parteitag gibt es drei Gewinner(олмонӣ). Handelsblatt (7. Dezember 2018). 7 Декабри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)