А́нгела Дороте́а Ме́ркел (олмонӣ: Angela Dorothea Merkel; тав. 17 июли 1954, Ҳамбург) — арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, олим, Кканслери федералии Олмон, сарвари ИХД, аз 21 ноябр 2005 Канслери федералии Олмон аз Иттиҳодияи Христианӣ-демократӣ, ки дар интихоботи парлумонӣ, моҳи сентябри соли 2005 ғолиб омад. Канслери федералии Олмон аз 22 ноябри соли 2005 то 8 декабри соли 2021 (Иҷрокунандаи вазифаи канслер аз 26 октябр то 8 декабри соли 2021). Аввалин зан дар ин вазифа.

Ангела Меркел
Angela Dorothea Merkel
22 ноябри 2005 — 8 декабри 2021
Президент Ҳорст Кёлер
Кристиан Вулф
Йоаҳим Гаук
Франк-Валтер Штайнмайер
Пешгузашта Герҳард Шрёдер
Ҷонишин Олаф Шолтс
17 ноябри 1994 — 27 октябри 1998
Пешгузашта Клаус Тёпфер
Ҷонишин Юрген Триттин
18 январи 1991 — 17 ноябри 1994
Пешгузашта Урсула Лер
Ҷонишин Клаудия Нолт
Таваллуд 17 июл 1954(1954-07-17) (70 сол)
Дудмон family of Angela Merkel[d]
Ном ҳангоми таваллуд олмонӣ: Angela Dorothea Kasner[2][3][4][…]
Падар Horst Kasner[d][2][5][4]
Модар Herlind Kasner[d][2][5][4]
Ҳамсар Ulrich Merkel[d][5][6] ва Joachim Sauer[d][5][6][7]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат, theoretical chemistry[d], analytical chemistry[d] ва физик[12]
Эътиқод Protestant Church in Germany[d][13], лютеранӣ[5] ва protestant church[d][11]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Order of the Netherlands Lion Grand Cross of Honor for Services to the Republic of Austria Grand Cross of Royal Norwegian Order of Merit Knight Grand Cross in the Order of the Netherlands Lion Салиби бузурги ордени Легиони Фахрӣ Grand Cross special issue of the Order of Merit of the Federal Republic of Germany, special issue Grand Cross 1st class of the Order of Merit of the Federal Republic of Germany Commander's Cross of the Order of Merit of the Federal Republic of Germany Order of Merit of the Federal Republic of Germany

State Prize of North Rhine-Westphalia[d] (16 май 2023)

Order of the Cross of Terra Mariana, 1st Class Order of the Cross of Terra Mariana Order of Merit Ордени Се Ситора Ордени Озодӣ (Украина) Grand Cross of the Order of the White Double Cross‎ Order of the White Double Cross Decoration for Exceptional Merits ордени Ҷумҳурӣ Order of Stara Planina Presidential Medal of Freedom Grand Cordon of the Order of Leopold Grand Cross of the Order of Merit of the Grand Duchy of Luxembourg Order of Vytautas the Great Ордени «Барои хизматҳо ба Ҷумҳурии Итолиё» Knight Grand Cross of the Order of Merit of the Italian Republic Нишони фахрӣ «Барои хизматҳо ба Ҷумҳурии Утриш» Order of Prince Henry Grand Collar of the Order of Prince Henry Grand Collar of the Order of Prince Henry Grand Cross of the Order of Prince Henry Grand Cross of the Order of the Sun of Peru‎ Order of the Sun of Peru Supreme Order of the Renaissance Order of King Abdulaziz al Saud
Charlemagne Prize

Eric M. Warburg Award[d] (25 июн 2009)

German Media Award[d] (2009)

Leo-Baeck-Medal[d] (21 сентябр 2010)

Heinz-Galinski-Award[d] (28 ноябр 2012)

German Leo Baeck Award[d] (2007)

ҷоизаи Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ (2009)

Indira Gandhi Peace Prize[d] (2013)

Robert Schuman Medal[d] (2007)

Abraham Geiger Prize[d] (2015)

Шахси сол[d] (2015)

Honorary doctor at the Nanjing University[d] (июни 2016)

Order of Zayed

honorary doctor of the Leipzig University[d] (3 июн 2008)

honorary doctor of the Hebrew University of Jerusalem[d] (2007)

honorary doctor of the Katholieke Universiteit Leuven[d] (12 январ 2017)

Honorary doctors of Ghent University[d] (12 январ 2017)

honorary doctor of Tel Aviv University[d] (1 феврал 2011)

honorary doctor of Babeș-Bolyai University[d] (12 октябр 2010)

Honorary doctor at the University of Bern[d] (2009)

доктори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард[d] (30 май 2019)

Lucius D. Clay Medal[d] (2009)

Henry A. Kissinger Prize[d] (21 январ 2020)

honorary doctor of Comenius University[d] (20 октябр 2014)

honorary doctor of the D. Mendeleev University of Chemical Technology of Russia[d]

honorary doctor of Wrocław University of Science and Technology[d] (24 сентябр 2008)

Медали президентӣ (Исроил)

Ehrenplakette des Bundes der Vertriebenen[d] (2014)

Wilhelm Leuschner Medal[d] (28 ноябр 2014)

Financial Times Person of the Year[d] (2015)

Four Freedoms Award – Freedom Medal[d] (2016)

Eugen Bolz Prize[d] (2017)

honorary citizen of Templin[d] (8 феврал 2019)

Q114457507? (31 август 2019)

Buber-Rosenzweig-Medal[d] (2020)

honorary doctor of Johns Hopkins University[d] (15 июл 2021)

ҷоизаи сулҳ ба номи Феликс Уфуэ-Буанйӣ[d] (2022)

Nansen Refugee Award[d] (4 октябр 2022)

Ордени Бавария «Барои хидматҳо»

European Civil Rights Prize of the Sinti and Roma[d] (28 апрел 2021)

Q17353958? (24 октябр 2011)

Vision for Europe Award[d]

Charles V European Award[d]

Q126416301? (2023)

Вебгоҳ buero-bundeskanzlerin-ad.de(олмонӣ)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Меркел — кӯдаки сеюм дар оилаи лютерании пастор Хорст Каснер ва омӯзгор Ҳерлинд Каснер, дар Ҳамбург таваллуд шудааст. Баъд аз таваллуди вай, оилааш ба Ҷумҳурии Демократии Олмон мекӯчад. Дар 1978 Донишгоҳи Лейпсигро аз рӯи тахассуси физика хатм мекунад, дар соли 1986 кори илмиашро ҳимоя мекунад. Аз соли 1978 то 1990 дар Донишкадаи марказии физика ва химия дар назди Академияи Улуми ҶДО кор мекард. Меркел дар кафедраи химияи назариявӣ кор мекард. 8 январи соли 1986 дар мавзӯи «Таҳқиқи механизми реаксияҳои вайроншавӣ бо шикастани оддии пайвандҳо ва ҳисоб кардани константаҳои суръати онҳо дар асоси усулҳои квантии кимиёвӣ ва статистикӣ» рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии сарвари кафедра Люц Зуликке дифоъ намуд. кафедраи химияи назариявии Институти марказй. Пас аз гирифтани унвони доктори илмҳои табиӣ, вай ба кафедраи химияи аналитикӣ, ки ба он Клаус Ульбрихт сарварӣ мекард, гузашт.

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Пас аз пошхӯрии Ҷумҳурии Демократии Олмон, Меркел ба ҳизби ҷадиди "Пешрафти демократӣ" (олмонӣ: Demokratischer Aufbruch) шомил шуд, аввал аз моҳи декабри соли 1989 ба ҳайси мудири муваққатии компютер ва аз феврали соли 1990 ба ҳайси ёвари раиси ҳизб Вольфганг Шнур кор гирифт. Баъдтар ба ӯ вазифаи таҳияи варақаҳои ҳизбӣ гузошта шуд ва сипас ӯ вазифаи котиби матбуотиро гирифт. Фаъолияти ҷонишини котиби матбуоти хукумати ҶДО, 3 октябри соли 1990 дар рӯзи муттахид шудани Олмон ба охир расид. Меркел вазифаи мушовири вазир дар хадамоти матбуоти ҳукумати федеролии Олмон гирифт. Меркел тасмим гирифт, ки узви Бундестаг шавад. Ба шарофати миёнаравии Гюнтер Краузе, ки ба шуъбаи ИХД дар вилояти нави федералии Мекленбург-Ворпомерн сарварӣ мекард, вай дар ҳавзаи интихоботӣ номзади якмандатӣ ба Бундестаг шуд ва дар айни замон дар рӯйхати ҳизбӣ дар зинаи шашум қарор гирифт.

Дар нахустин интихоботи умумиолмонӣ ба Бундестаг, ки 2 декабри соли 1990 баргузор шуд, Меркел 48,5% овозҳоро дар ҳавзаи худ ҷамъ овард. Дар ҷаласаи муассисони даъвати нави Бундестаг, ки 20 декабри соли 1990 баргузор шуд, Ангела Меркел мандати вакили онро гирифт. Пас аз як суҳбати дигар бо ғолиби интихобот Ҳелмут Кол, ки моҳи ноябри соли 1990 Меркел ба идораи кантслери федералӣ дар Бонн даъват карда шуд, вай дар кабинети чоруми Ҳелмут Кол вазир эълон карда шуд. Идораи федералии кор бо занон ва ҷавонон яке аз вазоратҳои нав дар кишвар буд. Меркел ба раҳбарии ин вазорати кӯчак таъйин шуд ва 18 январи соли 1991 савганд ёд кард. Пас аз интихоботи навбатии Бундестаг, ки 16 октябри соли 1994 баргузор шуд, вай вазифаи вазири федеролии муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ядроиро дар ҳукумати нави Ҳелмут Колро қабул кард.

Пас аз интихоботи набатӣ ба бундестаг, ки 16 октября соли 1994 года баргузор шуд, дар ҳукумати нави Ҳелмут Кол мақоми вазири федералӣ оид ба шифзи муҳити зист, ҳифзи табиат ва бехатарии ҳастаӣ таъйин шуд.

18 января 2000 года президиум ва раёсати федералии ИХД аз Гелмут Кол талаб намуданд, ки ваколатҳоои раиси фахрии ҳизб даст кашад ва дар посух Кол истеъфо дод.

16 феврали соли 2000 года Волфганг Шойбле дар фраксияи парлумонии ИХД/ИХС дар бораи тарк кардани мақоми раиси ҳизби ИХД/ИХС эълон карда. Ар анҷумани ҳизбии ИХД аз 10 апрели соли 2000 дар Эссен, 897 из 935 овоз ба тарафдории раиси ҳизб интихоб шудани Ангела Меркел дода шуд.

Дар интихобот ба бундестаг 22 сентябри соли 2002 эътилофи ҲСДО ва ҳизби «сабзҳо»  бо роҳбарии Герҳард Шрёдер ва Йошка Фишер ғолиб омад. Пас аз мағлубият дар интихоботи бундестаг, Ангела Меркель тасмим  гирифт, ки фраксияи парлумонии ИХД/ИХС-ро сараварӣ кунад. Дар анҷумани федералии  ИХД 11—12 ноября соли 2002 дар шаҳри Ҳанновер Ангела Меркел дубора ба мақоми раиси ҳизб интихоб шуд.

18 сентябри соли 2005 дар интихоботи ғайринавбатӣ ба бундестаг эътилофи ИХД/ИХС бо 35,2 % овоз гирифт.

22 ноября соли 2005 Меркелбо гирифтани 397 аз 611 овозҳои вакилони бундестаги давъати XVI  ба вазифаи канслери ҶФО интихоб шуда, таърихи Олмон авалин зан ва ҷавонтарин (дар синни 51) шахсе шуд, ки ба мақоми канслери федералӣ ноил гашт.

Моҳи марти соли 2006 барномаи фаъолияти худро, ки аз ҳашт банд иборат буд, пешниҳод намуд, ки дар он саматҳои асосии ислоҳоти низоми федералӣ, ммубориза бо бюрократизм, рушди таҳқиқоти илмӣ, сиёсти энергеткӣ, сиёсати уҷетӣ ва молявӣ, сиёсат дар самти кор бо оила, бозори меҳнат ва ислоҳоти низоми тандурустӣ инъикос ёфтанд.

Дар анҷумани федералии ХДС аз 27 ноябри 2006 бо 93 фоизи овозҳо Ангела Меркел аз нав ба вазифаи раиси ҳизби худ интихоб шуд.

Аз 1 январ то 30 июни соли 2007 Ангела Меркель ва вазири корҳои хориҷӣ Франк-Валтер Штайнмайер   ваколатҳои Олмонро ба ҳайси раиси Иттиҳоди Аврупо намояндагӣ карданд. Дар давраи раисии Ангела Меркел ташаббуси вай барои қабул кардани Конститутсияи Иттиҳоди Аврупо  дастгирӣ наёфт.

27 сентябри соли 2009 интихоботи парлумонӣ баргузор гашт, ки дар натиҷаи он эътилофи ИХД/ИХС дар бундестаг аксарияти нисбиро нигоҳ дошт. Шахсан Ангела Меркел дар окурги инихоботии қаблии худ  Мекленбург- Померанияи Пеш) бо 49,3 % ғолиб омад.

Рӯзи 28 октябр эътилофи «сиёҳу зарди» бо иштироки ҲОД таъсис дода шуд ва дуввумин ҳукумат таҳти раёсати Меркел ташаккул ёфт.

22 сентябр соли 2013 интихоботи парлумонии навбатӣ боиси тағйир ёфтани ҳайати эътилоф гашт — гарчанде ки ИХД/ИХС боз ҳам аксарияти нисбиро нигоҳ дошт, ҲОД ягон мандат ба ласт оварда натавонист. 17 декабри соли 2013 ҳукумати нави «эътилофи бузург» дар заминаи иттиҳоияи сиёсии ИХД/ИХС ва ҲСДР савганд ёд кард, ки онро боз ҳам Меркел роҳбарӣ менамуд.

Интихоботи парлумонии 24 сентябри соли 2017 боз ҳам  бо ғалабаи ИХД/ИХС анҷом ёфта, Ангела Меркел дар окурги 15-м 44 % овозҳоро ба даст овард.

Аз сабаби ҳайати мураккаби бундестаг гуфтушунидҳо оид ба таъсиси эътилоф таъхир ёфтанд ва танҳо 14 марти соли 2018 ҳукумати нав дар заминаи эътилоф бо сосиал-демократҳо ташаккул дода шуд. 364 нафар вакилони бундестаг ба ҷонибдории маротибаи чорум ба вазифаи канслери Олмон интихоб шудани Меркел овоз доданд, 315 нафар бар зидди вай овоз доданд ва 9 аз овозиҳӣ худдорӣ намуданд.

Рӯзи 29 октябр соли 2018 пас аз коҳишёби шадиди маъруфияти ИХД дар Гессен ва мағлубияти ИХС дар интихлблти замини Бавария Меркел эълон намуд, ки пас аз анҷом ё фтани ваколатҳояш дар соли 2021 ба ягон мақоми сиёсӣ даъво нахоҳад кард.

7 декабри соли 2018 дар анҷумани ҳизб дар Ҳамбурге пас аз даст кашидани Ангела Меркел аз иштирок дар мубориза барои сарфарии ҳизб, Аннегрет Крамп-Карренбауэр  раиси нави ИХД интихоб шуд.

26 сентябри соли 2021 интихоботи навбатии ба парлумон баргузор гардид, ки натиҷаҳои он барои ИХД/ИХС бадтарин дар таърих буданд — 24,1 %, ва ғалаба ба сосиал-демократҳо таҳти роҳбарии Олаф Шолтс муяссар шуд, ки онро 25,7 % интихобкунандагон дастгирӣ намуданд.

Ваколатҳои Меркел расман 26 октябри соли 2021  ба анҷом расиданд, вале пас аз он то ташаккул ёфтани ҳукумати нав вай ифрокунандаи вазифаи канслер боқӣ монд. 2 декабри соли 2021 дар Берлин ба муносибати аз мақоми канслер рафтани Ангела Меркел маросими расмӣ баргузор гашт.