Иқтисоди Итолиё
Иқтисоди Итолиё — иқтисоди бозори иҷтимоъии бисёр тавсеъаёфта[9] ва чаҳорумин иқтисоди бузурги Аврупост ва ҷойгоҳи ҳаштумро дар ҷаҳон аз лиҳози тавлиди нохолиси дохилиисмӣ дорад. Итолиё ҳаштумин содиркунанда бузурги ҷаҳон бо 514$ миллиард содирот дар соли 2016 аст. Наздиктарин равобити тиҷории Итолиё бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупост, ки ҳудуди 59 % аз кулли тиҷорати онро ташкил медиҳад. Бузургтарин тарафҳои тиҷории Итолиё аз назари саҳми бозорӣ, Олмон (12,6 %), Фаронса (11,1 %), ИМА (6,8 %), Суис (5,7 %), Инглистон (4,7 %) ва Испониё (4.4 %) мебошад.
Кишвар | |
---|---|
Макони кунунӣ | |
Пули миллӣ | евро ва франки суис |
ММД-и номиналӣ | 1 934 797 937 411,3 $[1] |
ММД-и номиналӣ ба сари аҳолӣ | 33 228 $[2] |
ММД (ПТХ) | 2 477 386 252 656 доллари байналмилалӣ[3] |
ММД ПХТ ба сари аҳолӣ | 40 923,702 доллари байналмилалӣ[4] |
Нархи рушди иқтисод (ММД)-и воқеӣ | 0,9 ± 0,1 фоиз[5] |
Захираҳо | 151 120 440 050 $[6] |
Human Development Index | 29 |
Дараҷаи бекорӣ | 7,9 фоиз[7] |
Фоизи беқурбшавии пул (инфлятсия) | 0,5 ± 0,1 фоиз[8] |
Гурӯҳи вобаста | Category:Economy of Italy-related lists[d] ва Category:Lists of companies of Italy[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Иттилооти куллӣ
вироишИтолиё давлати индустриалию аграрӣ буда, ба гурӯҳи давлатҳои иқтисодиёташон тараққикардаи пасоиндустриалии ҷаҳон дохил мешавад. Аз ҷиҳати ҳаҷми ММД дар ҷаҳон ҷои 10-ум ва дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ҷои 4-умро (баъд аз Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса) ишғол мекунад. Дар сохтори ММД ҳиссаи кишоварзӣ 2,1 %, саноат 26,5 %, соҳаи хидматрасонӣ 71,4%-ро ташкил медиҳад. Солҳои 1990—2000 дар натиҷаи амиқтар шудани раванди муттаҳидшавии Аврупо ва ҷаҳонишавии умумӣ дар иқтисодиёти Итолиё тағйироти сохторӣ ба амал омад. Баъди давраи дурударози рушди саноат дар солҳои 1980 дар иқтисодиёти Итолиё бахши сеюм (савдо, хидматрасонӣ, аз ҷумла хидматрасониҳои саноатӣ, молиявӣ, нақлиётӣ, сайёҳӣ) ба ҷои 1-ум баромад. Дар ҷойгиркунии ҳудудии соҳаҳои хоҷагӣ пешравиҳо ба амал омаданд: дар вилоятҳои дар гузашта касоди шимолу шарқӣ ва марказии Итолиё дар натиҷаи ба ном саноатикунонии омехта округҳои саноатӣ (кластерҳо) ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо корхонаҳои тиҷоратии хурд дар минтақаи маҳдуд ҷойгир ва барои маҳсулоти муайян махсус гардонида шуданд. Бисёр вақтҳо ин истеҳсолоти оилавӣ (созҳои мусиқӣ, галстукҳо, пойафзор, мебел, колготкаҳои занона, масолеҳ, сафололот ва ғ.) барои ноҳия анъанавӣ буда, симои онро дар ҷаҳон муаррифӣ мекарданд. Тавассути чунин рушди хосси саноат вилоятҳои шимолу шарқӣ ва марказии Итолиё (қисми шарқии Ломбардия, Венетсия, Эмилия-Романя, Умбрия, Марке ва Тоскана) ба минтақаи мустақил ҷудо карда шуданд. Саноати вазнини калон дар шимолу ғарби Итолиё ҷойгир аст. Масъалаи ақибмонии иқтисодиёти ҷануби Итолиё ҳалношуда боқӣ мемонад.
Дар асри 21 иттиҳодияҳои бузурги давлатӣ, бисёр ширкатҳои калон, бахусус дар соҳаи саноати кимиё, информатика, электроника қисман ё пурра хусусӣ гардонида шуданд, қисми зиёди комплекси агросаноатӣ зери назорати бузургтарин ширкатҳои трансмиллӣ гузаштанд. Баъзе ширкатҳои бузург ё бонкҳо бо ширкатҳо ё бонкҳои дигар мамлакатҳо муттаҳид шуданд.
Барои Итолиё тиҷорати хурд хеле хос буда, он дар солҳои буҳронӣ иқтисодиёти Итолиёро чанд бор наҷот дод. 95 дарсади ширкатҳо дар Итолиё ширкатҳое мебошанд, ки то 10 нафар коргар доранд, ширкатҳое, ки 250 ва зиёдтар коргар доранд, 1%-ро ташкил медиҳанд.
Омор
вироишДар ҷадвали зер нишондиҳандаҳои аслии иқтисодӣ барои солҳои 1980—2018 оварда шудаанд. Таваррум камтар аз 2 % бо тирчаи сабз нишон дода мешавад.[10]
Сол | ММД (ПТХ) (млрд Евро) |
ММД ба сари аҳолӣ (ПТХ) (Евро) |
Афзоиши ММД (воқеъӣ) |
Сатҳи таваррум (ба фоиз) |
Бекорӣ (ба фоиз) |
Қарзи давлатӣ (ба фоиз аз ММД) |
---|---|---|---|---|---|---|
1980 | 213,0 | 3 777 | 3,4 % | ▲21,8 % | 7,4 % | н/д |
1981 | 255,2 | 4 517 | 0,8 % | ▲19,5 % | ▲7,6 % | н/д |
1982 | 301,2 | 5 328 | 0,4 % | ▲16,5 % | ▲8,3 % | н/д |
1983 | 350,7 | 6 200 | 1,2 % | ▲14,7 % | ▼7,4 % | н/д |
1984 | 400,9 | 7 088 | 3,2 % | ▲10,7 % | ▲7,8 % | н/д |
1985 | 450,0 | 7 952 | 2,8 % | ▲9,0 % | ▲8,2 % | н/д |
1986 | 497,5 | 8 790 | 2,9 % | ▲5,8 % | ▲8,9 % | н/д |
1987 | 544,2 | 9 617 | 3,2 % | ▲4,7 % | ▲9,6 % | н/д |
1988 | 604,8 | 10 683 | 4,2 % | ▲5,1 % | ▲9,7 % | 93,0 % |
1989 | 664,0 | 11 721 | 3,4 % | ▲6,2 % | 9,7 % | ▲95,5 % |
1990 | 722,8 | 12 749 | 2,1 % | ▲6,4 % | ▼8,9 % | ▲98,8 % |
1991 | 789,6 | 13 915 | 1,5 % | ▲6,2 % | ▼8,5 % | ▲102,3 % |
1992 | 830,9 | 14 636 | 0,8 % | ▲5,0 % | ▲8,8 % | ▲109,7 % |
1993 | 855,9 | 15 062 | −0,9 % | ▲4,5 % | ▲9,8 % | ▲120,5 % |
1994 | 905,2 | 15 926 | 2,2 % | ▲4,2 % | ▲10,6 % | ▲127,1 % |
1995 | 985,0 | 17 328 | 2,3 % | ▲5,4 % | ▲11,1 % | ▼116,9 % |
1996 | 1 043,1 | 18 350 | 1,3 % | ▲4,0 % | 11,2 % | ▼116,3 % |
1997 | 1 089,9 | 19 162 | 1,8 % | 1,8 % | 11,2 % | ▼113,8 % |
1998 | 1 135,5 | 19 954 | 1,6 % | 2,0 % | ▲11,3 % | ▼110,8 % |
1999 | 1 171,9 | 20 593 | 1,6 % | 1,7 % | ▼10,9 % | ▼109,7 % |
2000 | 1 239,3 | 21 771 | 3,7 % | ▲2,6 % | ▼10,1 % | ▼105,1 % |
2001 | 1 298,9 | 22 803 | 1,7 % | ▲2,3 % | ▼9,1 % | ▼104,7 % |
2002 | 1 345,8 | 23 610 | 0,2 % | ▲2,6 % | ▼8,6 % | ▼101,9 % |
2003 | 1 390,7 | 24 313 | 0,2 % | ▲2,8 % | ▼8,5 % | ▼100,5 % |
2004 | 1 448,4 | 25 134 | 1,6 % | ▲2,3 % | ▼8,0 % | ▼100,0 % |
2005 | 1 489,7 | 25 656 | 1,0 % | ▲2,2 % | ▼7,7 % | ▲101,9 % |
2006 | 1 548,5 | 26 553 | 2,0 % | ▲2,2 % | ▼6,8 % | ▲102,6 % |
2007 | 1 609,6 | 27 495 | 1,5 % | 2,0 % | ▼6,1 % | ▼99,8 % |
2008 | 1 632,2 | 27 647 | −1 1 % | ▲3,5 % | ▲6,7 % | ▲102,4 % |
2009 | 1 572,9 | 26 457 | −5,5 % | 0,7 % | ▲7,7 % | ▲112,5 % |
2010 | 1 604,5 | 26 873 | 1,7 % | 1,6 % | ▲8,3 % | ▲115,4 % |
2011 | 1 637,5 | 27 313 | 0,6 % | ▲2,9 % | ▲8,4 % | ▲116,5 % |
2012 | 1 613,3 | 26 813 | −2,8 % | ▲3,3 % | ▲10,7 % | ▲123,4 % |
2013 | 1 604,6 | 26 518 | −1,7 % | 1,2 % | ▲12,1 % | ▲129,0 % |
2014 | 1 621,9 | 26 682 | 0,1 % | 0,1 % | ▼12,6 % | ▲131,8 % |
2015 | 1 652,6 | 27 183 | 1,0 % | 0,1 % | ▼11,9 % | ▼131,5 % |
2016 | 1 680,9 | 27 708 | 0,9 % | ▼−0,1 % | ▼11,7 % | ▲132,0 % |
2017 | 1 716,2 | 28 326 | 1,5 % | 1,3 % | ▼11,3 % | ▼131,5 % |
Қарзи давлатии Итолиё дар моҳи феврали соли 2023 ба болотарин ҳадди худ, яъне 2,772 триллион евро расид[11].
Саноат
вироишБахши асосии иқтисодиёти Итолиёро саноати тараққикарда ташкил медиҳад. Саноати Итолиё дорои система (сохтор)-и истеҳсолии аз ҷиҳати технологӣ пешқадам буда, номгӯи зиёди маҳсулот истеҳсол мекунад. Ҳамаи соҳаҳои саноати Итолиё бештар дар шимоли мамлакат тараққӣ кардаанд, марказҳои асосии саноатӣ: Милан, Турин, Генуя, музофотҳои хушкӣ (континенталӣ)-и берунишаҳрии Венетсия, Бергамо, Болния низ дар ҳамин ҷо ҷойгиранд; дар Итолиёи Марказӣ — марказҳои саноатии Флоренсия, Ливорн, Анкона, дар ҷануби мамлакат — Неапол, Бриндизи, Палермо ва ғ. Бо вуҷуди барномаҳои зиёди давлатӣ ва хусусии баланд бардоштани иқтисодиёти ҷануби Итолиё нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он аз шимол ва маркази Итолиё паст аст. Тамоюли дигар ба бандарҳои кашондани ашёи хом наздиктар ҷойгир кардани саноат мебошад. Дар ибтидои асри 21 дар Итолиё беш аз 200 округи саноатӣ фаъолият дошт (40 дарсади маҳсулоти содиротии Итолиёро истеҳсол мекарданд), ки беш аз 70-тои онҳо барои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва бофандагӣ, қариб 40-то барои тайёр кардани ҷиҳози дохили хона, аз ҷумла мебел, маҳсулоти таъмиру сохтмонӣ ва пардоздиҳӣ, қариб 35-то барои истеҳсоли маҳсулоти мошинсозӣ, қариб 30-то барои маҳсулоти чарму пойафзор махсус гардонида шудаанд. Қисми зиёди ин округҳои саноатӣ дар Итолиёи Шимолу Шарқӣ ва Марказӣ (асосан дар қисми шарқии Ломбардия, Венето, Эмилия-Романя, Умбрия, Марке ва Тоскана) ҷойгиранд. Баъзе соҳаҳои саноати Итолиё (мошинсозӣ, аз ҷумла автомобилсозӣ, бофандагӣ, пойафзор, саноати кимиё, хӯрокворӣ, аз ҷумла итеҳсоли шароб) барои содирот маҳсулот истеҳсол мекунанд ва аҳаммияти умумиҷаҳонӣ доранд. Бисёр тамғаҳои маҳсулоти итолиёӣ (Fiat, Ferrari, Benetton, Armani, Versace, Candy ва ғ.) хеле машҳуранд, баъзе маҳсулоти хӯроквории Итолиё (шароби итолиёӣ, равғани зайтун, макарон, писса ва ғ.) дар тамоми ҷаҳон машҳур гаштаанд ва харидорони зиёд доранд. Баъзе соҳаҳои саноати анъанавии Итолиё (автомобилсозӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, пойафзор) аз ибтидои асри 20 бо истеҳсолкунандагони Хитой, Ҷопон ва мамлакатҳои дигар сахт рақобат мекунанд.
Энергетика
вироишАсоси энергетикаи Итолиёро нафт (60 %), газ (16 %), ангиштсанг ва ангишти бӯр (8,5 %) ташкил медиҳанд. Аз энергияи чашмаҳои оби гарми зеризаминӣ низ истифода бурда мешавад. Бо вуҷуди ин дар Итолиё захираҳои сӯзишворию энергетикӣ каманд. Дар мамлакат конҳои захираи саноатии нафту газ ва неругоҳҳои барқи атомӣ вуҷуд надоранд. Нахустин неругоҳи барқи атомӣ бо ёрии Фаронса соли 2020 сохта мешавад. Истеҳсоли нафти худӣ 8 % ва гази табиӣ 13 дарсади талаботи мамлакатро таъмин мекунад. Нафт асосан аз мамлакатҳои Шарқи Наздик, Либия ва конҳои баҳри Шимолӣ тавассути лӯлаҳои интиқоли нафт ё роҳҳои баҳрӣ ба бандарҳои Триес, Генуя-Мултедо, Аугуста, Каляри, Приоло, Милассо, Савона-Вадо Лигуре, Венетсия-Маргера, газ ба шимоли Итолиё тавассути лӯлаи интиқоли газ аз Руссия, ба воситаи лӯлаи интиқоли гази қаъри баҳри Миёназамин аз Алҷазоир ворид карда мешавад. Моҳи майи соли 2016 барои кам кардани вобастагӣ ба интиқоли газ аз Руссия сохтмони лӯлаи интиқоли гази 870-километра оғоз ёфт, ки барои аз соли 2020 интиқол додани гази Озарбойҷон ба Итолиё мусоидат мекунад.
Коркарди нафт
вироишСаноати коркарди нафти Итолиё дар байни мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ калонтарин мебошад. Иқтидори умумии 17 з-ди коркарди нафти Итолиё — 115,9 млн т нафти хом дар як сол. Ноҳияи асосии коркарди нафти Итолиё — ҷазираи Ситсилия (5 з-ди коркарди нафт бо иқтидори умумии 40 млн т). З-дҳои коркарди нафт ҳамчунин дар музофоти Сиракузи дар Приоло-Гаргалло (2-то) ва Аугусти (1-то), Милласо (музофоти Мессина, 8 млн т) ва Ҷеле (музофоти Калтаниссета (5 млн т) мавҷуданд. Бузургтарин з-ди коркарди нафт дар ҷазираи Сардиния, дар ш. Саррок (минтақаи саноатии Каляри, 15 млн т) ҷойгир аст. Дигар з-дҳои коркарди нафти наздисоҳилӣ: Таранто (5,5 м лн т), Ливорно (4,2 млн т), Фалконара-Мариттима (3,9 млн т), Порто- Маргера (3,5 млн т). Иқтидорҳои мавҷуда пурра истифода бурда намешаванд. Дар Итолиё ангишти бӯр истихроҷ карда намешавад. Итолиё ҳар сол аз хориҷа қариб 24 млн т ангиштсанг (аз ҷумла аз Австралия, ИМА, Индонезия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Канада, Руссия ва Лаҳистон қариб 11 млн т ангишти коксшаванда) мехарад.
Бо вуҷуди маҳдудияти захираҳои энергетикӣ Итолиё ба қатори истеҳсолкунандагони асосии неруи барқ (ҷои 12-ум дар ҷаҳон) дохил мешавад. Қариб 80 дарсади неруи барқро неругоҳҳои барқи аловӣ истеҳсол мекунанд. Қариб 17 дарсади неруи барқ дар асоси манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад, аз ҷумла дар НБО — 85,2 %, дар неругоҳҳои барқии обҳои гарми зеризаминӣ — 10 %, дар неругоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ −4,7 %. Беш аз 70 дарсади неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои алпии шимоли мамлакат сохта шудаанд. Оби чашмаҳои оби гарми вилояти Тосканаро на танҳо барои бо гармӣ таъминкунӣ, балки барои истеҳсоли кислотаи борат ва рушди осоишгоҳҳои балнеологӣ (гармобашифоӣ) низ истифода мебаранд. Неругоҳҳои барқи бодӣ дар ҷазираи Сардиния, вилояти Базиликата ва офтобӣ дар ҷазираи Ситсилия сохта шудаанд. Итолиё неруи барқро аз Фаронса ва Швейсария мехарад.
Металлургия
вироишФилиззоти сиёҳ
вироишМеталлургияи (филиззоти) сиёҳ бештар дар асоси ашёи хоми воридотӣ кор мекунад. Маъдани оҳан аз мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва ангишти коксшаванда асосан тавассути бандарҳои Генуя, Таранто, Триеста, Ливорно, Венетсия кашонда мешаванд. Гудозиши дубораи филиззот аҳаммияти бузург дорад. Ба рушди устувори соҳа, ки барои истеҳсоли варақаҳои пӯлоди прокаткарда, лӯлаҳои қутрашон калон ва дигар маҳсулоти мураккаб махсус гардонда шудааст, талаботи зиёди бахши сохтмон (1/2 ҳиссаи маҳсулотро истифода мебарад) ва автомобилсозӣ мусоидат кардааст. Иқтидорҳои мавҷуда 77 % бо кор таъминанд; қариб 63 дарсади пӯлод дар печҳои барқӣ ва қариб 86 % бо усули гудозиши муттасил истеҳсол карда мешавад. Бузургтарин корхонаҳо — комбинатҳои сикли пурра дар Таранто (Апулия) ва Помбино (Тоскана). Чӯяни домнагӣ дар Триеста низ истеҳсол карда мешавад. Аксарияти з-дҳои пӯлодгудозӣ ва пӯлодварақакунӣ дар марказҳои қадимии саноатии Итолиё ҷойгиранд: дар Шимол — дар Лигурия, Ломбардия (2 ноҳияи асосӣ дар музофоти Брешна), Пемонт, Венето, инчунин ноҳияҳои Аоста, Триеста ва Болсано; дар Марказ — дар вилоятҳои Тоскана ва Умбрия; дар Ҷануб — дар Кампания, ҷазираи Ситсилия. Дар музофотҳои Новара, Брешна, Беллуно ва Савона корхонаҳои хурди истеҳсоли хӯлаҳои оҳан фаъолият доранд. Қисми зиёди истеҳсоли филиззоти сиёҳро холдинги «Riva Group» назорат мекунад. Дигар ширкатҳои бузурги металлургии Итолиё: «Marcegaglia S. P. A.» (пӯлоди варақаӣ, прокат, қубурҳо), «Dalmine S. P. A.» (қубурҳои кафшершаванда), «Gruppo lucchini» (чӯян, пӯлоди карбондор ва махсус), «Acciaierie Bertoli Safai».
Филиззоти ранга
вироишФилиззоти ранга асосан ашёи хоми воридотиро истифода мебарад. Аз ибтидои асри 21 дар ҷазираи Сардиния ба миқдори кам маъданҳои руҳ, тило ва нуқра истихроҷ карда мешаванд. Дар филиззоти ранга соҳаҳои алюминий ва сурбу руҳро ҷудо мекунанд. Гилхок (аз бокситҳои воридотӣ, аз ҷумла австралиягӣ) дар Маргер (музофоти берунишаҳрии Венетсия) ва Портоскаузо (дар ҷанубу ғарби Сардиния) истеҳсол карда мешавад. Алюминийи холисро дар з-дҳои калони Фузина, Портовесме, алюминийи омехтаро дар з-дҳои ш-ҳои Парона, Каризия, Боргофранко-дʾИвреа, Ровелло-Порро, Брешна, Реҷо-нел-Эмилия, Неапол, Таранто истеҳсол мекунанд; соли 2007 дар Моден з-ди истеҳсоли рамаҳои алюминӣ барои автомобилҳои «Феррари» ба истифода дода шуд. Заводҳои сурбгудозӣ дар Сардиния ва Ломбардия ҷойгиранд; дар з-ҳои сурбгудозӣ ба сифати маҳсулоти дуввумин (иловагӣ) нуқра ва тило мегиранд. Марказҳои асосии истеҳсоли руҳ — Портовесме ва Коротоне, хӯлаҳои руҳ — Маргер, оксиди руҳ — Понте-Носса. Миси холисро дар Маргер, маҳсулоти нимтайёр ва хӯлаҳои мисро дар ш-ҳои Певе-Вергонте, Серравалле-Скривия, Брешна, Писсигеттоне, Форначи-ди-Барга, Сулмона истеҳсол мекунанд.
Мошинасозӣ
вироишМошинасозӣ калонтарин соҳаи саноати Итолиё буда, асосан барои содирот воситаҳои гуногуни нақлиёт (автомобилҳо, техникаи авиатсионӣ, киштиҳо ва ғ.) истеҳсол мекунад. Асоси саноати автомобилсозии Итолиё консерни бисёрсоҳаи «FIAT S. p. A.» мебошад, ки қариб аз 100 ширкат иборат аст. Бузургтарин бахши консерн оид ба истеҳсоли автомобилҳои сабукрав — «FIAT Group Automobiles S. P. A.». «FIAT S. P. A.» аз болои ширкатҳои «Maserati» ва «Ferrari», ки автомобилҳои варзишии класси «люкс» истеҳсол мекунанд, назорат мебарад. Истеҳсоли автомобилҳои боркаши сабук, миёна ва вазнини шоҳроҳӣ ва автомобилҳои боркаши ҳамаҷогард, тиҷоратӣ, автобусҳо, нақлиёти ҳарбӣ ва ғ. дар ширкати «IVECO S. p. A.» ба роҳ монда шудааст.
Дигар соҳаи анъанавии мошинасозӣ киштисозӣ мебошад, ки аз ибтидои асри 21 барои сохтани киштиҳои сайёҳӣ (аз ҷумла бо фармоиши давлатҳои хориҷӣ) махсус гардонида шудааст. Истеҳсоли киштиҳои контейеркаш, киштиҳои навъи омехта, платформаҳо барои пармакунӣ дар баҳр ва киштиҳо барои таҳқиқоти зериобӣ афзоиш меёбад. Бузургтарин корхонаҳои киштисозӣ ва таъмири киштиҳо дар соҳилҳои Адриатика ҷойгиранд. Ноҳияҳои қадимтарини киштисозии Итолиё — соҳилҳои Лигурия (Генуя-Сестри, Рива-Тригозо, Муҷано-Спетсия, Петра-Лигуре, Ливорно, Виареҷо, Марина-ди-Каррара). Киштиҳои ҳарбӣ дар корхонаҳои киштисозӣ ва таъмири киштиҳои ширкати «Fincantieri» дар ш-ҳои Рива-Тригоҳо ва Муҷано сохта мешаванд.
Марказҳои асосии саноати авиатсионӣ (истеҳсоли чархболҳо, тайёраҳои ҷангӣ ва мулкӣ, сохтани радифони маснӯъ, марказҳои идоракунӣ ва ғ.): Турин, Варезе, Помиляно-дʾАрко, Кашина-Коста-Галарате. Рушди варзиши велосипедронӣ ва мотосиклронӣ ба истеҳсоли велосипедҳо ва мотосиклҳо мусоидат мекунад. Корхонаҳои ин зерсоҳа дар шимоли мамлакат ва шаҳрҳои хурд ҷойгиранд. Корхонаҳои истеҳсол ва таъмири қатораҳои р. о. бештар дар шимоли мамлакат, инчунин дар шаҳрҳои марказ ва ҷануби Итолиё воқеанд.
Яке аз соҳаҳои асосии мошинасозии Итолиё истеҳсоли маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ мебошад. Итолиё яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони аслиҳа дар Аврупо аст (аз ҳисоби маблағҳои миллӣ ва муштарак бо дигар давлатҳои НАТО 90 дарсади талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро таъмин мекунад). Корхонаҳои соҳа БМП, БТР, БРМ ва техникаи муҳандисии тасмачарх ва чархӣ истеҳсол мекунанд. Корхонаҳои асосии соҳа дар Априлия (музофоти Латина), Спетсия, Брешиа, Болсано, Ломбардоре (музофоти Тувин) ҷойгиранд. Истеҳсолкунандаи асосии силоҳи оташфишон — ширкати «Pietro Beretta». Истеҳсоли электроникаи ҳарбӣ дар шароити муттаҳидшавӣ ва якҷояшавӣ (интегратсия) бо истеҳсолкунандагони асосии Аврупои Ғарбӣ ва ИМА тараққӣ мекунад. Итолиё бузургтарин истеҳсолкунандаи муҳаррикҳо барои тайёраҳои ҷангию мулкӣ (гражданӣ) ва киштисозӣ мебошад. Марказҳои асосии муҳарриксозӣ: Турин, Бриндизи, Неапол ва Рим.
Санъати электротехника
вироишДар саноати электротехника ва электронӣ аз ибтидои асри 21 мавқеи асосиро электротехника ишғол мекунад. Корхонаҳои соҳа барои истеҳсоли асбобҳои электрикии маишӣ — яхдонҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ ва зарфшӯӣ, плитаҳои ошхона, печҳои кӯтоҳмавҷ, асбобҳои дарзмолкунӣ, грилпазӣ ва ғ. махсус гардонида шудаанд, ҳамчунин таҷҳизот ва маҳсулоти саноатӣ, кабел, техникаи гуногуни рӯшноидиҳанда, таҷҳизот барои истеҳсол, тақсимот ва интиқоли неруи барқ ва ғ. истеҳсол мекунанд.
Итолиё дар истеҳсоли таҷҳизот барои коркарди филиззот — роботҳои саноатӣ, хатҳои автоматӣ, марказҳои корӣ, мошинҳои кафшергарӣ ва қолабгарӣ, аз ҷумла барои саноати автомобилсозӣ, дастгоҳҳои суфтагарӣ ва харротӣ, мангана (пресс)-ҳои ҳидравликӣ барои тракторсозӣ ва ғ. мавқеи пурқувват дорад. Итолиё яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони эътирофшуда ва бузургтарини таҷҳизот барои санноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон мебошад. Харидорони бузургтарини ин маҳсулот — Хитой, Туркия, Ҳиндустон. Даббоғӣ ва коркарди пӯст (корхонаҳояш дар вилоятҳои Тоскана, Венето, Ломбардия, Пемонт ва Кампания ҷойгиранд) ва истеҳсоли пойафзор таърихи қадимӣ дорад. Мамлакат аз ҷиҳати истеҳсоли таҷҳизот барои саноати полиграфӣ, истеҳсоли коғазу картон, таҷҳизот ва мошинҳои қолабгарӣ барои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва резин дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Итолиё яке аз истеҳсолкунандагони таҷҳизот барои саноати хӯрокворӣ (аз ҷумла барои консервонии меваю сабзавот, коркарди гӯшту шир, истеҳсоли панир ва шароб) мебошад. Таҷҳизоти итолиёӣ барои коркарди чӯб, истеҳсоли сафололот, сангбурӣ ва суфтакунию сайқалдиҳии санг, аз ҷумла мармар, истеҳсол ва коркарди шиша дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Итолиё аз ҷиҳати истеҳсоли мошину таҷҳизоти кишоварзӣ (тракторҳои гуногун, мошинҳо барои коркарди хок, нурипошӣ, комбайнҳо ва ғ.) яке аз давлатҳои пешсаф дар Аврупо аст. Истеҳсолкунандаи асосии мошину таҷҳизоти кишоварзӣ — ширкати CNH (як бахши «FIAT S. p. A.». Дар Итолиё техникаи роҳсозӣ (булдозерҳо, экскаваторҳо, скреперҳо ва ғ.) истеҳсол карда мешавад. Аз ибтидои асри 21 истеҳсоли экскаваторҳои хурд, автомобилҳои боркунандаи майда, самосвалҳои телескопӣ васеъ ба роҳ монла шудааст.
Санъати кимиё
вироишСаноати кимиё яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Итолиё мебошад. Итолиё аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кимиёӣ дар ҷаҳон ҷои 4-умро (баъд аз Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир) ишғол мекунад. Қариб 40 дарсади маҳсулоти соҳа содир карда мешавад. Корхонаҳои соҳа барои истеҳсоли нахи кимиёӣ, пластмасса, каучуки синтетикӣ, маҳсулоти асосии кимиёӣ (кислотаҳо, ишқорҳо ва ғ.), заҳрхимикатҳо барои кишоварзӣ, лаку ранг, молҳои кимиёии маишӣ ва воситаҳои ороишӣ махсус гардонида шудаанд. Дар Итолиё ҳамчунин кислотаи нитрат, кислотаи сулфат, даҳони фаранг, нуриҳои минералӣ, рангкунандаҳои ноорганикӣ, йод, бром, хлор, сода, намаки ошӣ ва ғ истеҳсол карда мешаванд. Корхонаҳои дорусозӣ асосан дар Милан ва Бреши, инчунин дар Турин, Триеста, Болония, Генуя, Флоренсия, Пиза, Рим, Катания, Палермо ҷойгиранд.
Санъати коркарди чӯб
вироишСаноати коркарди чӯб дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ кор мекунад. Бахши асосии он истеҳсоли мебел, ашёи гуногун барои дохили хона мебошад, ки қисми зиёди он содир карда мешавад. Саноати масолеҳи бинокорӣ ба захираҳои ғании ашёи хоми маҳаллӣ асос ёфтааст. Бахусус мармарҳои итолиёӣ машҳуранд: мармари сафеди Алпи Апуан, мармари сафед ё шаффофи водии д. Оссола ва санги хорои ҷазираи Сардиния арзиши баланд доранд. Итолиё аз ҷиҳати истихроҷ ва содироти санги рӯйкаши табиӣ дар ҷаҳон мавқеи пешсафиро ишғол мекунад. Дар Итолиё алебастр, шпати даштӣ, гач, бентонит, бӯр низ истеҳсол карда мешавад. Дар музофоти Кунео, Верчелли, Болония, Лукка, Кампобассо, Латина, Потенса конҳои сершумори рег мавҷуданд. Итолиё аз ҷиҳати истеҳсоли семент ба қатори даҳ истеҳсолкунандаи пешсафи ҷаҳон дохил мешавад. Бузургтарин кохонаҳои семент дар шимоли Итолиё ҷойгиранд. Истеҳсоли тахтаҳои сафолӣ, пӯшишҳои гуногуни сафолию хороӣ, санги сунъӣ ва ғ. аҳаммияти содиротӣ доранд. Саноати шишабарорӣ асосан барои истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, аз ҷумла лабораторӣ, шишатахта барои саноати бинокорӣ ва автомобилсозӣ, шиша барои асбобҳои оптикӣ, булӯр махсус гардонда шудааст. Дар Бергамо ва Венетсия шишапахта (стекловата), дар Милан ва Савона шишанах истеҳсол мекунанд. Ҷазираи Муранои Венетсия бо шишаҳои пурнақшунигораш шуҳрат дорад.
Саноати сабук
вироишСаноати сабук дар иқтисодиёти Итолиё аҳаммияти бузург дорад. Итолиё дар баробари Фаронса яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар саноати мӯд (истеҳсоли матоъҳо, либосҳо, пойафзорҳо, лавозимот, ҷавоҳироти гуногун) боқӣ мемонад. Маркази асосии аҳаммияти умумиҷаҳонӣ — Милан. Дар ин ҷо бузургтарин хонаҳои мӯд, марказҳои дизайн ва иқтидорҳои истеҳсолӣ ҷойгиранд. Итолиё аз рӯи миқёси истеҳсоли маснуоти бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон ва Аврупо яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад: ширкатҳои итолиёӣ дар маҷмӯъ 25 дарсади маҳсулоти бофандагӣ ва дӯзандагии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупоро истеҳсол мекунанд. Дар баробари ширкатҳои бузург, ки дорои брендҳои ҷаҳонӣ мебошанд, дар Итолиё ширкатҳои хурди сершумори ихтисосашон маҳдуд фаъолият доранд. Саноати бофандагӣ яке аз қадимтарин соҳаҳои саноати сабуки Итолиё буда, аз ашёи хоми воридотӣ (пахта, пашм ва зағир) ва худӣ (абрешим, нахҳои синтетикӣ ва омехта) нах ва матоъ истеҳсол мекунад. Корхонаҳои матоъҳои пахтагин (ҳамагӣ 400-то) асосан дар шимоли Итолиё, корхонаҳои абрешимресӣ ва шоҳибофӣ дар Ломбардия, Пемонт, Венето, Кампани ҷойгиранд. Итолиё яке аз машҳуртарин ва бузургтарин истеҳсолкунандагони матоъҳо барои хона (парда, ҷойпӯш, матоъҳо барои ороиши мебел ва дохили хона) мебошад, ҳамчунин матоъҳои гуногуни техникӣ истеҳсол мекунад.
Дӯзандагӣ
вироишСаноати дӯзандагӣ барои истеҳсоли либосҳои мӯди занона ва мардона махсус гардонида шудааст. Марказҳои асосии истеҳсоли либос (оммавӣ ва класси «люкс») — Милан, Флоренсия, Рим ва Турин. Итолиё яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунандгони маҳсулоти трикотажӣ дар Аврупо боқӣ мемонад. Истеҳсоли ҷуробҳо, аз ҷумла колготкаҳои занона, либосҳои чармӣ, ҷинс, либосҳои оббозӣ ва тугмаҳо аҳаммияти содиротӣ дорад. Саноати чармгарӣ дорои 6,4 ҳазор ширкат (80 дарсади кохонаҳо хурданд) мебошад, ки дар онҳо 34 ҳазор нафар кор мекунанд. Пӯсти коркардшуда (барзагов, хук, гӯсфанд, буз) ва чарми хазандагон барои истеҳсоли либос (аз ҷумла пӯстин ва пӯстини пӯсти даббоғишуда), пойафзор, ҷузвдон ва лавозимот, мебел ва ғ. истифода мешаванд. Итолиё дар истеҳсоли пойафзори класси «люкс» дар ҷаҳон муқарраркунандаи мӯд ва пешсаф мебошад. Дар саноати чармгарӣ 6,7 ҳазор ширкати хурду миёна фаъолият доранд ва 94,1 ҳазор кас машғули коранд. Аз ҷиҳати истеҳсоли пойафзор Итолиё баъди Хитой ва Бразилия дар ҷаҳон ҷои 3-юмро ишғол мекунад. Қариб 97 дарсади корхонаҳои соҳа дар 7 вилоят: Марке, Тоскана, Венето, Кампания, Ломбардия, Пемонт ва Апулия ҷойгиранд. Ҳамзамон Итолиё ба миқдори зиёд пойафзори нисбатан арзонро аз Хитой, Руминия, Ветнам, Ҳиндустон ва Булғория ворид мекунад.
Заргарӣ
вироишДар Итолиё анъанаҳои таърихии заргарӣ боқӣ мондаанд. Итолиё яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунадагони асосии маснуоти тилоии санъаткорона ва махсус дар ҷаҳон ва бузургтарин дар Аврупо мебошад. Дар Итолиё аз нуқра ва дигар филиззоти арзонбаҳо (бжутерия) низ ороишот истеҳсол мекунанд. Харидорони асосии ҷавоҳироти итолиёӣ: ИМА, Фаронса, Хитой, Руссия.
Қолинбофӣ
вироишМарказҳои қадимии қолинбофӣ — Монса (музофоти Милан), Мортара (музофоти Павия), Боргосезия (музофоти Верчелли), Турин, Скио (музофоти Виченса). Дар музофоти Сондрио санъати баланди истеҳсоли гилемчаҳои қуроқин, дар Венетсия истеҳсоли гобелен, дар Пезаро исеҳсоли қолинҳои қадимӣ боқӣ мондааст. Қолинҳои ҳозира дар Прато, Сиене, Арессо ва Флоренсия истеҳсол карда мешаванд.
Истеҳсоли созҳои мусиқӣ
вироишИтолиё аз замонҳои қадим бо истеҳсоли созҳои мусиқӣ машҳур аст. Беҳтарин навозандагони ҷаҳон дар созҳое, ки бузургтарин устоҳои итолиёӣ аз сулолаҳои Амати, Страдиварди, Гварнери дар Кремон ва дигар ш-ҳои шимоли Итолиё сохтаанд, мусиқӣ менавозанд. Дар Итолиё кӯшиш мекунанд, ки ин анъанаҳои қадимиро нигоҳ доранд. Кастелфидардо (Марке) бо истеҳсоли аккордеон машҳур аст. Дар устохонаҳои сершумори Эмиля-Романе, Лигурия, Пемонт ва мисли қадима дар Кремон, Милан, Кувио (музофоти Варезе), Крема (музофоти Кремона) ва Монса (музофоти Милан) созҳои торӣ ва нафасӣ месозанд. Дар Будрио окарина (ҳуштак, ки соли 1860 дар Итолиё ихтироъ шудааст) истеҳсол мекунанд.
Санъати хӯрокворӣ ва тамоку
вироишСаноати хӯрокворӣ ва тамоку баъди мошинасозӣ дуввумин соҳаи муҳимми иқтисодиёти Итолиё мебошад. Итолиё аз рӯи миқёси истеҳсоли маҳсулот ба қатори даҳ давлати пешсафи ҷаҳон дохил мешавад ва содиркунандаи бузурги хӯрокворӣ (шароб, маҳсулоти макаронӣ, панир ва маҳсулоти ширӣ, равғани зайтун, маснуоти қаннодӣ, консерваи меваю сабзавот) мебошад. Корхонаҳои соҳа дар саросари мамлакат, вале қисми зиёди корхонаҳои муосир ва аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонда дар шимоли Итолиё ҷойгиранд. Дар сохтори соҳа истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва панир, маснуоти қаннодӣ, шароб, коркарди гӯшт ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бартарӣ дорад. Итолиё яке аз пешсафони ҷаҳон дар истеҳсол ва содироти панир мебошад. Дар Итолиё қариб 400 намуди панири сахт ва мулоим истеҳсол карда мешавад (машҳуртаринашон пармезан, моссарела, маскарпоне, горгондзола. пекорино). Шаробсозӣ дар ҳама ҷо паҳн шудааст ва дар хоҷагиҳои калони махсусгардонида ё кооперативҳо истеҳсол карда мешавад. Дар шимоли мамлакат шароби сафед, дар марказ ва ҷануб шароби сурх истеҳсол мекунанд. Итолиё яке аз содиркунандагони калонтарини шароб дар ҷаҳон мебошад. Харидорони асосӣ: Олмон (35 %), ИМА (14 %), Британияи Кабир (14 %), Фаронса (7 %).
Итолиё дар истеҳсоли навъҳои гуногуни ҳасиб, хӯроквориҳои дуд додашуда ва хушхӯр дар Аврупо нақши муҳим дорад. Аз ҷиҳати истеҳсоли равғани зайтун баъд аз Испания дар ҷаҳон ҷои 2-юмро ишғол мекунад. Ҳамзамон Итолиё бузургтарин воридкунандаи равғани зайтун аз Испания (40 %), Тунис (24,5 %), Юнон (қариб 24 %) ва Туркия мебошад. Итолиё равғани зайтунро асосан ба ИМА (беш аз 37 %), Олмон (11,6 %), Фаронса ва Британияи Кабир содир мекунад. Аз ашёи хоми воридотӣ дар музофотҳои Виченса, Верона, Венетсия, Тревизо, Равенна, Флоренсия, Анкона, Латина равғани офтобпараст ва соя истеҳсол карда мешавад.
Дар Итолиё саноати ордкашӣ тараққӣ кардааст. Орди балансифат дар корхонаҳои калони аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонида истеҳсол карда мешавад, ки онҳо дар шаҳрҳои калон ё бандарҳои воридоти гандум ҷойгир карда шудаанд. Истеҳсоли орд бо истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ зич алоқаманд аст. Аз нисф зиёди маҳсулоти макаронӣ асосан ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо содир карда мешавад. Дар Итолиё ҳар сол зиёда аз 3,3 млн т меваю сабзавотро консерва мекунанд. Дигар маҳсулоти машҳури содиротии Итолиё машруботи спиртдор (вермут, шампон ва ғ.), қаҳваи пешакӣ баркашида печонидашуда, қайлаҳо ва хӯриш (адвия)-ҳои алафӣ мебошанд. Дар Итолиё шакар (асосан дар ноҳияҳои парвариши лаблабуи қанд), маснуоти тамоку, пиво, машруботи беалкогол итеҳсол мекунанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ http://www.imf.org/external/datamapper/NGDP_RPCH@WEO?year=2016
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ https://www.ansa.it/english/news/business/2022/12/14/number-of-unemployed-drops-below-two-million-mark-istat_0c979722-c067-4a1b-a423-0ef65e7e82af.html
- ↑ http://www.imf.org/external/datamapper/PCPIEPCH@WEO?year=2016
- ↑ Hall, Peter A.; Soskice, David (2001). Varieties of Capitalism: The Institutional Foundations of Comparative Advantage. Oxford University Press. p. 131. ISBN 978-0-191-64770-3.
- ↑ Report for Selected Countries and Subjects(англ.). www.imf.org(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Госдолг Италии в феврале достиг исторического максимума(рус.). РИА Новости. — новость. 17 апрели 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Итолиё / Н. Шарипов // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.