Áул Йозеф (1894—1956) — табиби чех.

Аул Йозеф
Таърихи таваллуд 1894(1894)
Зодгоҳ Чехия
Таърихи даргузашт 1956(1956)

Дар аввали Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба Бухоро омад. Чун табиби ҳозиқу донишманд зуд дар байни мардум обрӯ ва эътибор пайдо кард. Соли 1918 бо шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ шинос шуда, забони тоҷикиро мустақилона омӯхт ва ҳамроҳи корвон ба Афғонистону Ҳиндустон рафта, бо он роҳ ба ватанаш баргаштааст. Баъди аз фашистон озод шудани собиқ Чехословакия (1945) Аул Йозеф дар ташкили ҳифзи тандурустии халқ хидматҳои шоён кардааст. Аул Йозеф ба адабиёт низ шуғл дошт. Баъзе асарҳои ӯ ба таърихи халқ­ҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд (романи «Дарвеш дар биёбон», 1937). Ҳангоми видоъ Пайрав чанд шеъри худро (якеаш ба худи Аул Йозеф бахшида шуда буд) ба ӯ додааст, ки Аул Йозеф ба чехӣ тарҷума карда, ба табъ расондааст.

Адабиёт

вироиш
  • Бечка Иржи. Ёддошти як адиб ва олими чех дар бораи Пай­рав Сулаймонӣ// Пайрав Сулаймонӣ. Девон. Душанбе, 1971.