Кадуиҳо (лот. Cucurbitáceae) — оилаи рустаниҳои дупаллагӣ, рустаниҳои алафӣ, баъзан нимбутта ва дарахтии як ё духонагӣ. Гулҳои одатан якҷинсаи бештар пайвастабарги актиноморфӣ доранд. Мевааш - буттамева ё кадушакл, аксар вақт сертухм. Зиёда аз 100 ҷинс (қариб 1000 намуд)-и Кадуиҳо асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии ҳарду нимкура вомехӯрад. Дар Тоҷикистон қариб 10 намуди аз 6 ҷинс дучор мешавад. Зиёда аз 15 намуди кадуиҳо (харбуза, бодиринг, дастмолкаду, тарбуз, каду, патиссон ва ғайраҳо) парвариш карда мешаванд.
Кадуиҳо |
---|
Гунаҳои мухталифи кадуиҳо |
|
Cucurbitaceae Juss., 1789 |
|
Ниг. ба матн |
|