Камолуддин Беҳзод

(Тағйири масир аз Камолуддини Беҳзод)

Камолуддин Беҳзод (форсӣ: کمال الدین بهزاد‎, тақр. 1455, Ҳирот1536, Табрез) — бузургтарин  мусаввирнаққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро  «қоиди мусаввирон»«ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.

Камолуддин Беҳзод
Суратҳо
Таърихи таваллуд 1450
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 1535[1][2][3]
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр наққошӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Камолуддини Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот – Амир Руҳуллоҳ Мирак тарбия ёфта, маҳорати   худро такмил медиҳад ва охири солҳои 70 садаи XV дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб ва мусаввирӣ машғул мешавад. Беҳзод аз Пир Сайидаҳмади Табрезӣ ва Султоналии Машҳадӣ низ дарси ҳунар андӯхтааст.

Замони зиндагии Беҳзодро метавон ба ду давра тақсим кард. Давраи аввал аз оғози фаъолияти эҷодӣ то ибтидои садаи XVI, ки ватани ӯ аз тохту тозҳои берунӣ дар амон буд. Давраи дуюм солҳои 1507–35 кор ва сарварӣ дар китобхонаи шоҳони Сафавӣ дар Табрез аст. Дар давраи аввал Беҳзод ба муҳити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ роҳ ёфта, аз онҳо кумаки моддӣ ва маънавӣ мебинад. Султон Ҳусайни Бойқаро барои Беҳзод дар чаҳорбоғи худ манзил ва коргоҳ медиҳад. Баъд, 22 июни 1487 Беҳзодро китобдори китобхонаи худ таъйин карда, тамоми котибону музаҳҳибон, ҳалкорону заркӯбон, лаввоҳону саҳҳофон, ҷадвалкашону наққошони китобхонаро зери роҳбарии ӯ мегузорад. Бо саъйи ҳунармандони ин китобхона санъати ороиши китоб ба пояи баланд расид, суратгарӣ ва минётурнигорӣ ривоҷи тоза ёфт. Ин давра давраи нумӯи фаъолияти эҷодии Беҳзод ва ташаккули мактаби минётури Ҳирот мебошад. Беҳзод бо вуҷуди дар заминаи анъанаҳои маъмулӣ қарор гирифтани эҷодиёташ мактаби минётури Ҳирот ва Шерозро бо ҳам пайваст ва дар таърихи санъати рассомии тоҷик ба асри тилоии минётурнигорӣ бунёд гузошт. Давраи дуюми зиндагии Беҳзод дар замони салтанати Сафавиён сурат гирифтааст. Соли 1512 Исмоили Сафавӣ Ҳиротро забт намуд ва соли 1520 Беҳзодро ба Табрез – пойтахти худ гирифта бурд. Беҳзод дар китобхонаи шоҳии Табрез машғули рассомӣ ва ороиши китобҳо шуда, ба валиаҳди Исмоили Сафавӣ – Таҳмосб мусаввириро омӯхт. Соли 1524 Исмоили Сафавӣ даргузашт ва ба ҷойи ӯ писари 12-солааш Таҳмосб ба тахт нишаст. Беҳзод соли 1536 даргузашт ва марқадаш дар маҳаллаи Волиёнкӯҳи Табрез воқеъ аст.

Беҳзод ҷиҳатҳои композитсионӣ ва мундариҷавии санъати тасвирии мардумони Шарқро ба ҳаёти халқ наздик намуда, баробари ҷанбаҳои романтикӣ тамоюли халқӣ ва реалистии онро инкишоф додааст. Дар эҷодиёти ӯ амиқӣ ва воқеияти комил, услуби фардӣ кунонидани чеҳраҳо ва дар вазъу ҳолатҳои гуногуни равонӣ сабт шудани қиёфаи ашхос мақоми калон дорад. Эҷодиёти Беҳзод хеле гуногунжанр ва мухталифмавзӯъ аст. Вай ҳам тимсол (портрет)-ҳои муосиронаш, ҳам тасвири қаҳрамонҳои афсонавӣ, ҳам мусаввараҳои айшу нӯш ва разму базми синфи доро, ҳам лавҳаҳои пурҷозибаи лирикӣ, ҳам манзараҳои дилангези табиат ва ҳам лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти кории халқро кашидааст. Дар ҳама мусаввара, минётур ва мунаққааҳои ӯ табиат ва олами ботинии инсон бо нозуктарин эҳсос тасвир ёфтааст. Беҳзод истеъмоли рангҳои пасту латифро дар баробари рангҳои аслии баланду пуртаъсир дӯст дошта, рангҳои сардро бештар дар муқобили рангҳои гарм кор фармудааст. Ӯ бо рангҳои табиӣ, хусусан рангҳои кабуду нилгун, бештар майл дошта, дар тасвирҳояш рангҳои зайтунӣ, зард, зангор, бунафш, қаҳвагӣ, сурмаранг, сафед ва сурхро низ истифода мекардааст. Инчунин мусаввараҳои худро бо оби тило, оби нуқра афшон намуда, музайян месохтааст. Беҳзод бисёр асарҳои қаҳрамонӣ ва романтикии саромадони адабиёти форс-тоҷик ва китобҳои таърихиро ороиш додааст. Қадимтарин осори бадастдаромадаи Беҳзод «Бӯстон»-и Саъдист, ки онро Султоналии Машҳадӣ соли 1478 китобат кардааст. Ин дастнависи нодир ҳоло дар китобхонаи Честер Битти (Дублин) маҳфуз аст. Дар мусаввараҳои ин дастнавис қиёфаи одамон (шоҳон, сокинони дарбор, ошиқон, зебосанамҳо, аҳли илм, омиён, саҳроиён ва ғайра) ва манзараҳои табиат (бешазору гулистон, ҷӯю сабзазор, нури офтобу абрҳо) устокорона тасвир шудааст. Бори дигар Беҳзод соли 1488 бо хоҳиши Султон Ҳусайни Бойқаро «Бӯстон»-и Саъдиро, ки бо хатти Султоналии Машҳадӣ ва тасвирҳои Ёрии Музаҳҳиб омода шуда буд, оро медиҳад. Ин дастнавис, ки 6 расми ҷаззобро фаро мегирад, ҳоло дар Китобхонаи миллии Қоҳира маҳфуз буда, дар 4 расми он мусаввир ба тариқи «Амалилабди Беҳзод» имзо гузоштааст. Дар як расм таърихи 893 (1488 м.) ва дар расми дигар 894 (1489) қайд гардидааст. Расми ду варақи аввали мутақобил ба мавзӯи «Бӯстон» дахл надошта, базми шоҳонаро таҷассум менамояд.

Тасвири дақиқ

вироиш

Дақиқ тасвир намудан хусусияти фаъолияти Беҳзод аст. Масалан, минётури сеюм, ки бо пурмазмунӣ ва возеҳӣ касро мафтун мекунад, зимни ҳикояти Саъдӣ оид ба воқеаи афсонавии Доро бо галабонҳояш баҳс менамояд. Беҳзод ин воқеаро чунин тасвир мекунад: дар болои мусаввара қуллаи кӯҳҳо, ҷо-ҷо арчазор, осмони баҳорӣ бо рангҳои гуногун таҷассум ёфта, воқеаи асосӣ дар марғзори сабзу фарох, ки дар мобайнаш дарёчаи зулол ҷорист, ба амал меояд. Ваҷоҳат ва пайкари оростаи наҳифи Дорои аспсавор аз изтироби ӯ дарак медиҳад. Тимсоли марказӣ галабон буда, вай ба подшоҳ бо маломат ва эътироз нигоҳ мекунад. Ҷуссаи пурқувват ва ҳаракати амиронаи дасти ӯ шукӯҳи подшоҳро пахш мекунад. Ин манзараро дида, галабони дуюм, ки аз машк машғули айронгирист, моту мабҳут мондааст. Дар пушти теппа галабони сеюм савори асп ба ким-куҷое бодиққат нигариста, аз ин воқеа хабар ва парвое надорад. Ду аспи пеши Доро рамидаанд, аммо аспҳои доманаи теппа ва як аспи дигар машғули чаридан буда, тойчаҳо очаҳояшонро бо фароғат мемаканд. Тамоми воқеа дар иҳотаи табиат (гулҳо, дарахтон, биёбону кӯҳҳо) салобати махсус гирифта, ба хусусияти жанрӣ доштани мусаввара далолат мекунад. Дар расми чаҳорум масҷид ё хонақоҳе акс ёфтааст. Арзиши ин расм дар он аст, ки Беҳзод услуби меъмориву бинокории замонаш, нигоришоти пештоқу нақшҳои деворҳоро бо ҷузъиёташ сабт карда, ба воситаи кошинкориву гулпартоӣ ба манзараи пурҷозиба табдил шудани онҳоро дода тавонистааст. Аммо дар ин ҷо одамон дар мадди аввал меистанд: муаллиме зани рӯйкушодаро дарс медиҳад, се нафар дар баҳс, яке даст ба дуо бардошта, дигаре вузӯ мекунад. Сурати панҷум мубоҳисаи ду донишмандро тасвир карда, дар расми шашум сужети «Юсуф ва Зулайхо» – аз қасри Зулайхо гурехтани Юсуф акс ёфтааст. Беҳзод вазъи ниҳоиро медиҳад, ки ошиқи гурезон ва ҷӯши эҳсоси Зулайхоро ифода мекунад. Соли 1467 Шералии Хаттот китоби «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздиро рӯйбардор кардааст, ки аз 12 сурати китоби мазкур 8 сурати он ба қалами Беҳзод мансуб аст. Ин дастнавис ҳоло дар ИМА, дар китобхонаи Университет Ҷон Хопкинс (Балтимор) маҳфуз аст. 8 сурати «Зафарнома» аз ҷиҳати мавзӯъ гуногун буда, манзараҳои ҷанг, лаҳзаҳои зиёфату қабули шоҳона, шикор, бинокорӣ ва амсоли инро фаро мегирад. Аммо он чизе, ки расмҳоро ба ҳам мепайвандад, оммавӣ будани воқеа, дар иҳотаи манзараи табиат воқеъ гардидани онҳо, гуногунии сару либос, гӯё аз сӯе ба сӯе ҳаракат карда истодани ашхос аст, ки ба он нигоришот тобиши махсус мебахшад. Дар сурати аввал маросими қабули Амир Темур дар боғ тасвир ёфтааст: дар тарафи рост Амир Темур ва дарбориёни ӯ, дар тарафи чап вакилони мамолики хориҷӣ, ки ба маросими қабул омадаанд. Баъзе мансабдорони сарой низ ҳамроҳи онҳоанд: ду нафар ба курсӣ нишаста, чанд нафар дар пушти дар истодаанд, дар байни ходимон якчанд зани зангӣ менамояд. Беҳзод ҳар кадоми ин ашхосро дар либосу қиёфа ва истоди хос тасвир карда, композитсияи томеро ба вуҷуд овардааст. Дар мусаввараи дигар қалъаи Хеваро фатҳ кардани Темур акс шудааст: саворон ба қалъа даромадаанд, борони тиру санг аз болои онҳо меборад, аммо онҳо масти фатҳанд, чандин нафар аз зинҳо афтода истодаанд, вале лашкар пеш меравад. Дар даромадгоҳи қалъа чинори калоне тасвир шудааст, ки шохҳои онро ток печонда гирифтааст. Ин чинори бузурги беҳаракат ва суръати ҳаракати лашкариён тазоди аҷиберо ба вуҷуд оварда, расмро банду баст ва хеле пурмазмун кардааст. Услуби тазоду муқобала дар лавҳаҳои размии дигари Беҳзод ҳам аён мегардад. Чунин аст мусавварае, ки манзараи ҷангро дар кӯҳ инъикос менамояд. Шиддати ҷангу суръати корзорро аз наздикшавии ду лашкар, ки тӯфонро ба хотир меоварад, пай бурдан мумкин аст. Баъзе сипоҳиён ба кӯҳ расан баста мебароянд. Ин расм аз мушоҳидаи ниҳоят дақиқи Беҳзод гувоҳӣ медиҳад.

Воқеънигорӣ

вироиш

Реализми осори Беҳзод бештар дар нигоришоте падидор мешавад, ки ҳаёти воқеӣ ва меҳнати халқро ифода мекунад. Дар тасвири манзараҳои сохтмон ҳар як иштироккунанда дар ҳолати хос инъикос ёфта, яке ба дигаре монандӣ надорад. Ду сурати «Зафарнома» (шартан онҳоро «Сохтмони масҷиди ҷомеи Самарқанд» номидан мумкин) ҷараёни меҳнати мураккаби биносозии садаи XV-ро дар бар мегирад Дар ин мусаввараҳо ҳама дар ҳаракатанд. Дар яке 15 ҳунарманду як корфармон акс шуда, чӯбкорҳо сутунҳоро арра мекунанд, сангтарошон санг метарошанд, дар як аробаи аспӣ тобаҳои мармарӣ ва дар фил боз кадом масолеҳеро овардаанд, ки чанд кас ба фаровардани онҳо андармон аст. Дар сурати дигар 18 нафар ба гилкорӣ, пардоз ва лойдиҳӣ машғуланд. Дар ин мусаввараҳо ҳам устодии Беҳзод дар композитсияофарӣ ба чашм мерасад. Ин расмҳо аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, аз тарзи иморатсозӣ ва техникаи бинокории он аср гувоҳӣ медиҳанд.

Дар эҷодиёти Беҳзод лавҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он зиндагии одамон чун унсури муҳимми тасвир тафсири фалсафӣ ва ҳаётӣ наёфта бошад. Ин хусусан дар лавҳаҳои маишӣ, манзараҳои мардумшиносӣ ва мусаввараҳои ӯ, ки меҳнати аҳли ҳунар ва деҳқононро ифода мекунанд, баръалотар намудор мегардад. Агар дар давраҳои аввал Беҳзод дар мавзӯъҳои гуногун (бештар дар мавзӯъҳои таърихӣ – қаҳрамонӣ) расм мекашида бошад, дар солҳои 90 садаи XV ва минбаъд дар эҷодиёти ӯ мавзӯъҳои лирикӣ бештар мавқеъ пайдо мекунанд. Вай дастнависҳои «Хамса»-и Низомӣ (нусхаҳои 1492 ва 1495, Осорхонаи Британия), «Маҷнун ва Лайлӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (1945, Китобхонаи оммавии Санкт-Петербург ба номи Салтыков-Шедрин) ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор (Осор-хонаи санъати нафисаи Метрополитен, Ню-Йорк)-ро оро дода, дар онҳо лаҳзаҳои ниҳоят ҷаззоби лирикиро тасвир мекунад. Ин расмҳо аз ҷиҳати санъати рассомӣ мукаммал буда, дар онҳо манзара мақоми калон дорад. Мушоҳидаи онҳо нишон медиҳад, ки тасвири манзара дар эҷодиёти Беҳзод торафт мураккабтар шудааст. Ҳатто то дараҷае фазоро ҳис кардан мумкин аст. Барои мисол расмеро («Хамса»-и Низомӣ) аз назар мегузаронем, ки онро шартан «Лайлӣ ва Маҷнун дар мактаб» номидан мумкин аст. Ин минётур ду варақи китобро гирифта, аз ҷиҳати тарҳрезӣ басе мураккаб аст. Дар он биноҳои нақшин, марғзор, дарахтон, гурӯҳе бачагон ҳангоми сабақхонӣ ва чанде дигар машғули бозию хӯрокхӯрӣ нақш гардида, баъзеҳо либос мешӯянд. Муаллим низ он ҷост. Дар ин муҳит Маҷнун ва Лайлӣ дар фикри якдигаранд. Рассом инро ба назарҳо гӯё зинда ҷилва медиҳад. Расми дигари Беҳзод «Овардани дӯстон Маҷнунро ба пеши падар» («Маҷнун ва Лайлӣ»-и Амир Хусрав) аст. Дар ин мусаввара ҳама чиз ба ҳалли ҳамин мавзӯъ – ишқи бебарори ҷавони бадбахт нигаронида шудааст. Ранги ашё, манзара, муҳит ва либосро Беҳзод ниҳоят латиф, дилрабо ва мутаносиб медиҳад. Ин расм аз ҷиҳати банду баст ҳам хеле сайқалёфта аст. Тасвири вохӯрии Маҷнун бо Лайлӣ низ диққатрабо буда, васли ошиқу маъшуқро ҳикоят мекунад. Онҳо дар кӯҳистон байни ҳайвонҳои ваҳшианд. Ранги оҳу, шер, шутур ва диг. ваҳшиён ҳамранги биёбон аст. Дуртар қуллаи кӯҳҳову чанд дарахти сарсабз намудор аст. Осмони нилфому парчаи абри даргузар. Ин ҷо тамоми ҳаракату сукунати коинотро пай метавон бурд. Дар ин муҳит Лайлӣ сари Маҷнунро болои зону гирифта ӯро навозиш мекунад. Гӯё тани низору қомати фартути Маҷнун аз нав ҷон мегирад. Аз ин сурат меҳри зиндагӣ ва нишоти ишқу шодмонӣ пайдост. Ин расм намунаи як ҷиҳати пурқуввати инсондӯстонаи эҷодиёти Беҳзод аст. Беҳзод баъзе лаҳзаҳои маишӣ, манзараҳои атрофро низ кашидааст, ки арзиши хеле бузург доранд. Нусхаҳои хуби мунаққашу мусаввари «Мантиқ-ут-тайр», «Гулистон», «Бӯстон», «Ҳафт авранг» ва ғ. дар китобхонаҳои дунё мавҷуданд, ки ба садаи XV мансуб буда, мусаввиронашон аниқ маълум нестанд.

Чеҳранигорӣ

вироиш

Чеҳранигорӣ низ дар эҷодиёти Беҳзод мавқеи калон дорад. Аз маҳсули қалами ӯ тимсолҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Султоналии Хаттот, Ҳоҷӣ Муҳаммад, Султон Ҳусайни Бойқаро, Шайбонихон то ба замони мо омада расидаанд. Аз ин суратҳо сабки Беҳзод ҳувайдо мегардад. Ҳамаи ин портретҳо нишасти хосси он ашхосро ифода мекунад. Аммо рассом дар баробари либосу афзор ба ҷиҳатҳои фардии қиёфа ва чашми одамон бисёр аҳаммият медиҳад. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки кас аз чашми онҳо асрори дилашонро пай мебарад. Мас., аз тимсол (портрет)-и Абдурраҳмони Ҷомӣ афкори баланд, аз расми Султоналии Хаттот хоксорӣ, аз ҷабҳаи Ҳотифӣ самимият ва меҳрубонӣ ҳувайдо буда, рассом тавонистааст, ки ҷаҳони маънавии онҳоро ошкор намояд. Тимсоли Султон Ҳусайни Бойқаро аз ҳашамати ӯ гувоҳӣ диҳад ҳам, ғамгин менамояд, зеро дар охири салтанати ӯ мамлакат ноором, мардум бенаво ва худи ӯ майхора шуда буд. Сурат ин вазъи рӯҳии ӯро хеле равшан акс мекунад. Тимсоли Шайбонихон ба воситаи тазоди рангҳои гуногун эҷод гардида (фарши хона бо ранги сурмаӣ, хат бо ранги зарди сиёҳча, байни хатҳо лимуранг), дар пеши ӯ тозиёнаву давоту қаламдон гузошта шудаанд. Либоси болоии ӯ кабудча, либоси тагаш сабз, салааш сафед, тоқиаш сурх, шарвораш ҷигаргун ва ваҷоҳаташ гулобии паст нигошта шудааст. Ҳамаи ин рангҳо муҳити манзили ӯро муҳташам нишон дода, ба расм пухтагӣ ва комилӣ мебахшанд. Аммо дар ин расм ҳам қиёфаи рӯ, чашму абрувони туркона ва риши роға аҳаммияти ҳалкунанда дошта, ӯро чун марди забткор ва ҷоҳпараст пеши назар меоваранд.

Санъати реалистонаи Беҳзод панҷсад сол боз ба мардум ғизои маънавӣ мебахшад, зеро тасвирҳои ӯ ҳаётӣ ва ҳақиқӣ буда, бо ҷаззобияти худ бинандаро мафтун мекунанд. Аз ин ҷиҳат дар адабиёти классикии баъди садаи XV-и тоҷик Беҳзод чун образи фавқулода истифода мешавад. Услуби мактаби рассомии Беҳзод дар Ҳироту Самарқанд, Бухорову Табрез, Ҳиндустону Арабистон дер давом кард. Эҷодиёти Беҳзод барои такомули як қатор рассомони мактаби Ҳирот ва мактабҳои рассомии баъдина нақши калон бозид. Қосималии Чеҳракушой, Мулло Дарвеш Муҳаммад, Дӯсти Девона, Маҳмуди Музаҳҳиб ва диг. мусаввирони номӣ аз пайравони Беҳзод буданд. Асарҳои Беҳзод на танҳо намунаи нодири санъати тасвирии Шарқ, балки яке аз пояҳои баланди санъати рассомии ҷаҳон ба шумор мераванд. Беҳзод шеър ҳам навиштааст, ки дар ин бора ҳамзамонҳои ӯ маълумот додаанд. Дар сарчашмаҳои адабӣ намунаҳои ашъори Беҳзод оварда шудаанд.

Некдошт

вироиш

Мерос ва шахсияти Беҳзод фақат мавзӯи таҳқиқи ҳунаршиносони Шарқу Ғарб набуда, инчунин дар иртибот бо мавқеи ӯ дар тамаддуни Шарқ чандин конференсияву симпозиумҳо баргузор гардидаанд ва соли 2001 бо қарори ЮНЕСКО ва Ҳукумати ҶТ 550-солагии зодрӯзаш таҷлил шуд.

Нигораҳо

вироиш
  1. Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  2. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)

Адабиёт

вироиш
  • Айнӣ К. Беҳзод – суратгари бузурги тоҷик //Шарқи Сурх, 1956, № 1; Пӯлодов Ӯ. Камолиддини Беҳзод. Д., 1978;
  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Кит. 1. Д., 1984;
  • Ашрафи М. Бухарская школа миниатюрской живописи 40–70-е годы XVI в. Д., 1974;
  • Ашрафи М. Из истории развития миниатюры Ирана XVI в. Д., 1978;
  • Ашрафи М. Бехзод и развитие бухарской школы миниатюры XVI в. Д.. 1987;
  • Камолиддин Бехзод и актуалные проблемы культуры Центральной Азии. Д., 2001;
  • Ашрафӣ М. Таджикская миниатюра: от Бехзода до Риза-йи Аббаси. Д., 2011;
  • Ашрафи М. Таджикская миниатюра:Бухарская школа XVI – XVII вв. Д., 2011;
  • Bahari E., Bihzad. Masterof Persian Paitinq. London –Vew-York, 1997;
  • Canbuqh R. Persian Paitinq. London, 1993.

Сарчашма

вироиш