Канон (юн. kanon – қоида, меъёр), 1) шакли мусиқиест, дар он ҳамаи овозҳо ҳамон оҳанги ягонаро иҷро менамояд, аммо онро дар вақтҳои гуногун бо услуби имитатсия оғоз мекунанд. Ҳар як овози баъдина (як, ду ва зиёд) пештар дохил мешавад, аз он оҳанге, ки овози баъдина дохил мегардад. Оҳанг метавонад аз ҳамон нота (Канон дар прима) ё аз нотаи дигар (ба квинта, октава ва ғайра), дар ҳамон ритм ё дар дарозиҳои дигар (мас., нотаи ду баробар калон ё ду баробар хурд) такрор шавад.

Канонҳои дутогӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо дар як вақт дар шакли Канон бо овозҳои гуногун гузаронида мешаванд (ниг. Канони беохир). 2) Дар мусиқии динӣ – композитсияи калони хорӣ, ки аз 9 шуъба, ҳар кадоми он аз якчанд муноҷот иборат аст.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.185. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)