Маҳмадраҳим Каримов
Каримов Маҳмадраҳим — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV
Зиндагинома
вироишКаримов Маҳмадраҳим соли 1953 дар деҳаи Мундоқи ноҳияи Данғара дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1969 пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи мазкур ба факултаи сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1975 бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ба итмом расондааст. Сипас, соли 2004 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси режиссёр хатм кардааст. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илми меъморӣ мебошад[1].
Фаъолияти кории Маҳмадраҳим Каримов соли 1969 аз муаллими мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи Данғара оғоз ёфта, сипас, аз соли 1975 ба сифати муҳандис, сардори қитъаи сохтмонии туннели ирригатсионии Данғара, сардори идораи таъмиру сохтмони ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994—1998 ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Данғара, 1998—2001 муовини аввали раиси Корпоратсияи ҷумҳуриявии «Маводи сохтмон», 2001—2009 директори генералии КВД «Тоҷиксемент» ифои вазифа намудааст.
Барои хидматҳояш бо ордени «Шараф» (соли 1999) сарфароз гаштааст.
Эҷодиёт
вироишНигаред низ
вироиш• Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
вироиш- ↑ Маҳмадраҳим Каримов: «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон хидмат мекунам». jumhuriyat.tj. 11 августи 2021 санҷида шуд.