Open main menu

Карим Қосимов (тав. 1938, д. Ӯзбекқишлоқ, ноҳияи Ҷаббор Расулов, вилояти Суғд), сароянда, оҳангсоз-таронасаро, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1971), Аълочии маданияти СССР (1974).

Карим Қосимов
Карим Қосимов
Санаи таваллуд

10 апрел, 1938

Зодгоҳ

ноҳияи Ҷаббор Расулов

Касб(ҳо)

сароянда

ЗиндагиномаВироиш

Фориғут-таҳсили шӯъбаи сарояндагии омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд (1968), факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (1972) буда, фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1962-1972) оғоз намуда, сониян ба сифати сарояндаи театри драмавию мусиқии ноҳияи Ҷаббор Расулов (Суғд, 1973-1975), сарояндаи дастаи консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 1975-1978) ҳунарнамоӣ кардааст. Карим Қосимов аз соли 1978 фаъолияти иҷроияшро дар ансамбли шашмақомхонони Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон идома дода, таҳти сарварии донандагони санъати мақом Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов ва диг. асосҳои иҷроии ин шоҳкории шеърию мусиқиро фаро гирифта, дар сабти дастаҷамъӣ, иҷрои таронаҳои «Ироқи Бухоро», «Насруллоӣ», «Муғулчаи Бузург», «Насри Ушшоқ», «Соқиномаи Савти Наво», «Қашқарчаи Савти Наво», «Насри Баёт», «Ушшоқи Самарқ-анд», «Уфари Савти Сабо», «Соқиномаи Рок», «Муноҷот» ва ғ. маҳорати иҷроӣ ба харҷ додааст. Карим Қосимов инчунин муаллифи зиёда аз 200 сурудҳои гуногунмавзӯъ буда, махсусан сурудҳои «Пазмони туам», «Лӯъбати Искодарӣ», «Ошиқам», Биё, эй ҷон», «Қомати дилҷӯи кист», «Сарвқади дилрабо», «Гулшани Ҳисор», «Қурбони ту гардам», «Ранҷи сухан» ва ғ. дар санъати мусиқии муосири тоҷик нақши хоса доранд. Карим Қосимов алҳол сарварии дастаи мақомсароёни ноҳияи Ҷаббор Расуловро (вилояти Суғд) ба ӯҳда дошта, дар рушду тарғиби анъаноти иҷроии мақом ва мақомсароӣ тарбияи сулолаи нави сарояндагони ҷавон (О. Неъматов, Н. Турсунов, Б. Толибов, А. Мадаминов ва диг.)дониш ва малакаи иҷроияшро ба харҷ медиҳад. Карим Қосимов барои хидматҳои шоистааш дар тарғиб, рушди мусиқии тоҷик бо ифтихорномаҳои Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон сарвароз гардидааст.

АдабиётВироиш

Таджикское искусство. - М., 2002; Таджикская музыка. - Душанбе, 2003; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3. - Душанбе, 2004; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаредВироиш

СарчашмаВироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 112-113 ISBN 978-99947-49-13-3