Аҳмад Бобоқулов
Аҳмад Бобоқулов (17 январи 1931, Сталинобод — 18 майи 1990, Душанбе) — сарояндаи тоҷик (овозаш тенори лирикӣ ва драмавӣ), донанда ва иҷрогари мақомҳо, Артисти халқии СССР (1971), профессор (1977). Писари Бобоқул Файзуллоев.
Таърихи таваллуд | 17 январ 1931 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғиждувон, вилояти Бухоро |
Таърихи даргузашт | 18 май 1990 (59 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сарояндаи опера, омӯзгори мусиқӣ |
Навъи садо | тенор |
Сабк | maqom[d] |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишАҳмад Бобоқулов 17 январи 1931 дар Душанбе дар оилаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобоқул Файзуллоев ба дунё омадааст. Аҳмад Бобоқулов баъди хатми мактаби миёна соли 1949 ба Консерваторияи Маскав (1954, таҳти сарпарастии дотсент В. Ф. Карин) ва аспирантураи консерваторияи мазкур (1962) хатм кардааст.
Корнома
вироишСолисти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ (1954-56 ва 1966—1981) ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1956—1966), роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ. Ҳамзамон солҳои 1967—1975 дотсент, профессор ва мудири кафедраи вокали факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ва аз соли 1976 устоди факултети вокал ва театрию операвии ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.
Эҷодиёт
вироишАҳмад Бобоқулов аз санъати операи миллӣ ва ҷаҳонӣ партияҳои мураккабро ба камоли маҳорат иҷро мекард. Беҳтарин партияҳои Аҳмад Бобоқулов дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ: Бахтиёр («Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян, 1954), Синодал («Иблис»-и А. Т. Рубинштейн, 1955), Рустам («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов, 1957), Мадан («Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, 1964) Содиқ («Бозгашт»-и Ё. Сабзанов, 1967), Хуршед («Духтаре аз Душанбе»-и З. Шаҳидӣ, 1967), Канио («Ширинкорон»-и Р. Леонковалло, 1967), Замон («Домоди сохта»-и С. Урбах, 1968), Кварадоси («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, 1970), Рӯдакӣ, Айнӣ («Рӯдакӣ» ва «Айнӣ»-и Ш. Сайфиддинов, 1976, 1983) ва ғ. Овозаш баланду ҷарангосӣ буд. Аз имконоти вокал моҳирона истифода бурда, мекӯшид, ки бо овози ширадору таъсирбахшаш нозуктарин тағйироти ботинию зоҳирии инсонро ифода созад. Аҳмад Бобоқулов ҷанбаи ғоявии асарро дарк карда, дар тарзи иҷро услубу меъёри хоссеро истифода мебурд. Барномаи консертии ӯ асарҳои композиторони ғарбу рус ва шӯравиро фаро мегирифт. Арияҳои мураккаб ва романсҳои қадимию сурудҳои тантанавиро низ самимона иҷро мекард.
«Республикаи ман»
вироишЯке аз беҳтарин сурудҳои Аҳмад Бобоқулов «Республикаи ман» мебошад. Муаллифи суруд Шарофиддин Сайфиддинов дар бораи маҳорати овозхонии Аҳмад Бобоқулов чунин гуфтааст:
Оҳанги сурудро (муаллифони шеър Боқи Раҳимзода ва Муҳиддин Фарҳат) ман навиштам ва онро Аҳмад Бобоқулов иҷро намуд. Суруд барои ӯ навишта шуда буд ва ман ба овози ӯ такӣя карда оҳангашро эҷод намудам. Ман бо муаллифон сурудро 5-6 маротиба азнав кор карда бароварда будем. Сурудро А. Бобоқулов бо маҳорати баланд сароидааст ва касе аз овозхонон, ҳоло ингуна бомаҳорати баланд сурудхонӣ накардааст.— [1]
Шашмақом
вироишАҳмад Бобоқулов сарояндаи нотакрори сурудҳои мардумӣ ва классикии тоҷик «Шашмақом» буд. Ӯ тарзу услуби хондани мақомҳои классикиро аз падараш омӯхта, дар фаъолияти овозхониаш бо тозаҳунарӣ истифода бурдааст ва такмил додааст. Аҳмад Бобоқулов ба ҳофизони Ансамбли мақомхонони Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ қисматҳои алоҳидаи «Шашмақом»-ро омӯзонда, анъанаҳои овозхонии устодони «Шашмақом» — Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобовро ёд додааст.
Аҳмад Бобоқулов муаллифи китоби «Асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор» (Хрестоматия, Д., 1976) мебошад.
Сафарҳо
вироишБа бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои Афғонистон, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Канада, Австрия, Олмон сафарҳои ҳунарӣ карда, дастовардҳои хосси мусиқии тоҷиконро муаррифӣ намудааст. Ширкаткунандаи се симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд, 1978, 1983, 1987), фестивал ва симпозиуми ҷаҳонии мусиқӣ ба ифтихори 1400-умин зодрӯзи Борбад, даҳҳо рӯзҳои адабиёт, санъат ва фарҳанги тоҷик дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966), Ҷоизаи Борбад (1990). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст[2].
Бойгонии сабтҳо
вироишФитаҳо ва наворҳои гуногун бо садои овози Аҳмад Бобоқулов дар бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва киностудияи «Тоҷикфилм» нигоҳ дошта шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ История одной песни
- ↑ Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди I. — Душанбе, 1978. — С. 467.
Адабиёт
вироиш- Бобоқулов Аҳмад / Н. Нурҷонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди I. — Душанбе, 1978. — С. 467.
- Таджикская музыка. Д., 2003;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.