Карим Ҳайдарович Ҳайдаров (9 майи соли 19346 июли соли 2021) — доктори илми тиб (1972), профессор (1982). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1997), Ихтироъкори шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989). Дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АИ Тоҷикистон (2009).

Карим Ҳайдаров
Шарофиддин Зуҳурович Ҳабибуллоев
Таърихи таваллуд 9 март 1934(1934-03-09)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 6 июл 2021(2021-07-06) (87 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Тоҷикистон, Вазорати тандурустии ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ИҶШС

Зиндагинома

вироиш

Карим Ҳайдарович Ҳайдаров Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро ба поён расондааст (1959), ихтисос – «химияи фармасевтӣ». Мудири шуъбаи биофармакология (1968-2005), мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Тоҷикистон (2005- то имрӯз). Раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии ҶТ (1991-1995). Ҳамзамон солиён дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба сифати ассистент ва профессор сабақ додааст. Самтҳои асосии таҳқиқоташ ба ҷустуҷӯ ва таҳияи доруҳои нав дар асоси синтези химиявӣ ва рустаниҳои доругии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ҳамроҳи кормандонаш ба саноати тиббӣ доруҳои «Триакантин», «Карбатин», «Равғани ангат»-ро, ки бо тарзи нав ҳосил карда шудаанд, тавсия додааст. Доруҳои ба даст овардааш «Тимогар» ва «Тимотсин» барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ истифода мегарданд. Асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ мебошад. Соҳиби беш аз 370 таълифоти илмӣ, 80 навоварӣ ва кашфиёт аст. Дар бисёр симпозиуму конфаронси байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст.

  • Сравнительное фармакологическое изучение триакантина и папаверина. – М., 1964;
  • Дорухонаи табиат. – Д., 1971;
  • Характеристика действия карбаматов ацетиленового и дигидропиранового рядов на центральную нервную систему: Дисс… доктора медицин. наук. – Пермь, 1972; Полимеры в медицине. – Д., 1975 (соавтор);
  • Разработка и применение в Таджикистане новых лекарст-венных препаратов. – Д., 1982 (соавтор);
  • Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон. – Д., 1986;
  • Лечебные растения Таджикистана. – Д., 1988;
  • Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон. – Д., 1988;
  • Синтез и биологическая активность некоторых производных желчных кислот. – Д., 2000;
  • Биологически активные производные глицерина. – Д., 2003 (соавтор);
  • Химия и биологическая активность производных 1, 3, 4-тиадиазоло [3, 2-а] пиримидина. –М., 2004;
  • Сравнительное изучение противоэпилептического препарата карбатин. – Д., 2013.

Адабиёт

вироиш
  • Карим Хайдарович Хайдаров. Библиография. – Д., 1994;
  • Хайдаров Карим Хайдарович. Материалы к библиографии ученных Таджикистана. – Д., 2009;
  • Хайдаров Карим Хайдарович (К 80-летию со дня рождения). – Д., 2014;
  • Комилов Р. Сафармамадов С. Назаров Қ. Соҳибмактабе дар илми фармакологияи тоҷик. – Д., 2014.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ихтироъкори шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989).
  • Дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1988),
  • Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АИ Тоҷикистон (2009).[2]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с

Пайвандҳои беруна

вироиш