Карло Голдони

Ка́рло Голдо́ни (итол. Carlo Goldoni; 25 феврал 1707[1][2][3][…], Венетсия[7][8][6][…]6 феврал 1793[4][5][6][…], Порис[7][6]) — драманависи итолиёӣ, ислоҳотгари театр ва асосгузори мазҳакаи миллии Итолиё.

Карло Голдони
итол. Carlo Goldoni
Alessandro Longhi - Ritratto di Carlo Goldoni (c 1757) Ca Goldoni Venezia.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: итол. Carlo Osvaldo Goldoni
Тахаллусҳо: Polisseno Fegejo
Таърихи таваллуд: 25 феврал 1707(1707-02-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 6 феврал 1793(1793-02-06)[4][5][6][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: намоишноманавис, нависанда, либреттонавис, филмноманавис, тарҷумон, шоири вакил, муаллиф, шоир, коргардон
Забони осор: Venetian[d], итолиёӣ[1] ва фаронсавӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Соли 1731 дар Донишгоҳи Падуанек ба дараҷаи доктори ҳуқуқ расид, соли 1734 аз кори адвокатӣ даст кашида, дар яке аз театрҳои Венетсия (труппаи Д. Имер) ба драматургия рӯ овард ва аз соли 1748 сазовори эътирофи умум шуд. Аммо баъдан ба Порис (1762) ҳиҷрат карда, дар ин ҷо ба ҳайси устоди забони итолиёии дарбор фаъолият намуд.

Карло Голдони 267 намоишнома навиштааст, ки аз инҳо 155 мазҳака («Бевазани айёр», 1748; «Хизматгори ду хоҷа», 1749; «Бамела», аз рӯи романи С. Ричардсон, 1750; «Соҳибаи трактир», 1753; «Ошиқон», 1760), 18 фоҷиа ва мазҳакаи фоҷиаомез (аз ҷумла «Велизарий», 1734), 94 либретто мебошанд.

Карло Голдони мазҳакаи итолиёиро амалан ислоҳ кард. Ӯ мазҳакаи халқии ниқобиро бо драматургияи дорои матни устувор ва хислатҳои воқеии инсон иваз намуд. Анъанаи Молйер ва маорифпарваронро инкишоф дод. Аммо Карло Голдони бар хилофи Молйер ба ҷои персонажҳои мазҳарӣ ин ё он нақсу камбудӣ қаҳрамонони мусбатро бештар аз табақаи поёнии ҷамъият рӯи саҳна меовард. Дар мавзӯъҳои оилавии маишӣ мазҳакаҳои «Адвокати Венетсия», «Дӯшизаи покдоман», «Феодал», «Ошиқ ва маъшуқ»-ро навишта, дар мисоли аъёну ашрофи итолиёӣ инқирози системаи феодалиро нишон додааст. Доир ба ҳаёти халқи мазлум «Ошпаззанҳо» (1755), «Чорроҳа» (1756), «Занҳои хандонрӯ» (1758) ва ғ.-ро таълиф намудааст. Қаҳрамони мазҳакаи «Моҷарои Коҷон» (1762; тарҷумаи тоҷикӣ — 1973)-и ӯ халқ — моҳигирони одии венетсиягӣ бо занҳояшон аст. Давраи охири эҷодиёти Карло Голдони бо Фаронса алоқаманд мебошад. Мазҳакаи «Лаққии накукор» (1771, ба забони фаронсавӣ) ӯро дар Аврупо машҳур гардонд. Карло Голдони роҳҳои асосии рушди драматургияи маорифпарваронаро (Д. Дидро, П. О. К. Бомарше ва дигарон) пешбинӣ кард. «Ёддоштҳои Карло Голдони …» (1784-87) санади нодирест доир ба таърихи театр. «Хизматгори ду хоҷа»-и Карло Голдони аз соли 1947 то ҳоло дар театрҳои драмавии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Carlo Goldoni
  3. 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  5. 5.0 5.1 Strappini L., autori vari Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 2001. — Vol. 57.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/2131 — 1808.
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 Гольдони Карло // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  8. 8.0 8.1 Wurzbach D. C. v. Goldoni, Karl (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 5. — S. 253.

АдабиётВироиш

  • Реизов Б. Г. К. Гольдони. Л. — М., 1957;
  • Мокульский С. С. Итальянская литература: Возрождение и Просвещение. М., 1966;
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Новая российкая энциклопедия. Т. V (1). М., 2008.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш