Граф Карло Готси (итол. Carlo Gozzi; 13 декабр 1720[1][2][3][…], Венетсия[5][2][6][…]4 апрел 1806[1][2][4][…], Венетсия, Venetian Province[d][5][2][3]) - драмнависи итолиёӣ.

Карло Готси
итол. Carlo Gozzi
Таърихи таваллуд: 13 декабр 1720(1720-12-13)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 апрел 1806(1806-04-04)[1][2][4][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: намоишноманавис, нависанда, шоир, ёддоштнавис
Жанр: fiaba[d]
Забони осор: итолиёӣ[1][7]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар хонаводаи ашрофи муфлисшуда ба дунё омадааст. Аз даврони наврасӣ ба адабиёту театр шавқ дошт. Соли 1747 ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамақидаҳояш академияи танзомези «Гранеллески» («Пучсухан»)-ро, ки алайҳи таъсири аҷнабиён бар забону адабиёти итолиёӣ мубориза мебурд, таъсис дод. Ин академия алайҳи драмнависони номдор К. Голдони ва П. Кяри, ки сабку усулҳои театри фаронсавиро пазируфта буданд; авроқи ҳаҷвӣ мунташир мекард. Карло Готси мазҳакаҳои қадимии итолиёиро, ки бар фарҳанги мардумӣ асос ёфта буданд, «ифтихори Итолиё» меномид. Ӯ мекӯшид, ки онҳо аз нав эҳё бишаванд. Соли 1761 Карло Готси нахустин «фияба» (афсона барои театр) – «Муҳаббат ба се афлесун»-ро навишт. Намоишнома аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуд. Баъд фиябаҳои «Зоғ» (1761), «Шоҳ-гавазн», «Турандот», («Турондухт»), «Зан-мор» (ҳар се – 1762), «Зобеида» («Зубайда», 1763), «Гадоёни хушбахт» (1764), «Парандаяки сабз», «Ҷим, шоҳи ҷинҳо», номи дигараш «Канизаки вафодор» (ҳар ду – 1765)-ро таълиф намуд. 23 пйесаи Карло Готси бо услуби испаниягии «мазҳакаҳои ридову шамшер» эҷод шуданд (1762–77), аммо ба сабаби танқидӣ буданашон, қобили таваҷҷуҳ нагардиданд. 20 соли охири зиндагии Карло Готси дар танҳоию гумномии тамом гузаштааст. Охирин асари ӯ «Хотироти беманфиат» (1797) ба таърихи театри асри 18 бахшида шудааст. Дар осори Карло Готси оҳангу сужетҳои ривоятӣ, баъзе аз вижагиҳои мазҳакаҳои мардумӣ ба назар мерасанд. Чандин асари ӯ («Турандот», «Шоҳ–гавазн», «Гадоҳои хушбахт» ва ғ.) бар пояи сужетҳои шарқӣ навишта шудаанд. Аз ҷумла, дар «Гадоҳои хушбахт», ки воқеаҳояш дар Самарқанд рух медиҳанд, Карло Готси шоҳи адолатпешаеро тасвир намудааст. Театрҳои тоҷик – Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1934–61), Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии ш. Хуҷанд (1935–60) «Маликаи Турандот» ва «Шоҳ − гавазн»-ро ба саҳна гузоштаанд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 Хлодовский Р. И. Гоцци К. (рус.) // Краткая литературная энциклопедияМ.: Советская энциклопедия, 1964. — Т. 2. — С. 313—315.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  4. 4.0 4.1 Wurzbach D. C. v. Gozzi, Carlo conte (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 5. — S. 283.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 Гоцци Карло // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. 6.0 6.1 Гоцци, Карло (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1838. — Т. 15. — С. 56.
  7. CONOR.Sl

Сарчашма

вироиш