Касруф
Касруф, каструф (лот. Ferula eugenii) — рустаниест бисёрсолаи худрӯй.
Касруф | |||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | |||||||||||||||||||||||||
|
|||||||||||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | |||||||||||||||||||||||||
Ferula eugenii | |||||||||||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишБаландиаш то 1 м; пояи ғафс, барги мураккаби пармонанд, чатргули гетероморфӣ, гули зардтоби майда дорад. Дар тамоми умри худ як маротиба гулу мева (май — июн) карда, пас тамоман нобуд мешавад[2].
Густариш
вироишФақат дар мавзеъи Кондараи водии дарёи Варзоб, дар нишебиҳои регу санглох ва алафзори шиблак (1200—1500 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.
Корбурдҳо
вироишПояи наврустаи онро (то гулшукуфт) ба монанди ров, рошак мехӯранд. Онро ғизои сервитамину доруворӣ (мушаҳҳӣ) меҳисобанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
- ↑ Энсиклопедияи Мухтасари Тиб. Ҷилди II. Д.: СИ ЭМТ, 2011. — С. 368. — 512 с. — ISBN 978-99947-33-44-6