Рошак (лот. Ferula primaeva) — гиёҳи бисёрсолаест аз ҷинси камол мансуби оилаи чатргулҳо.

Рошак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ferula primaeva

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Пояаш ғафс, сершохи бунафш, то 1 – 1,5 м қад мекашад. Баргаш мураккаби пармонанд, сабз ва каме дандонадор. Хӯшагулаш чатршакл (диаметраш 7 – 10 см), гулаш майдаи зардтоб, мевааш байзашакл (дарозиаш 1,3 – 1,7 см, бараш 5 – 7 мм). Моҳҳои май – июн гул карда, июл – август мева мебандад. Дар тамоми ҳаёташ як бор гулу мева мекунад[2].

Густариш вироиш

Рошак фақат дар Тоҷикистон (дар баландиҳои 1000 – 1900 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Асосан дар бешазори гармсер, дарахтони паҳнбарг, алафзори нимсаванна, бодому пистазор, мавзеъҳои регу санглох, нишебии кӯҳҳо месабзад. Бештар дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ (қаторкӯҳҳои Ҳисор, Дарвоз, Ҳазратишоҳ, Вахш ва ғайра) вомехӯрад[2].

Корбурдҳо вироиш

Пояи наврустаи рошакро чун сабзавоти иштиҳоовар, сервитамин ва доруӣ истеъмол мекунанд. Барги онро чорво мехӯрад. Рошак рустании асаловар аст[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. 2.0 2.1 2.2 Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди IV. — Душанбе: СИЭМТ, 2012. — C. 98. — 504 с. — ISBN 978-99947-33-46-0.

Адабиёт вироиш

  • Флора СССР, т. 17, М.—Л., 1951;
  • Флора Узбекистана, т. 4, Ташкент, 1959.

Сарчашма вироиш