Каёндашт (ноҳияи Кӯшониён)
Каёндашт (то 30.08.2024 — Гагарин[1]; пештар Ворошилов) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён. Аз деҳа то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 5 км, то маркази вилоят 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1645 нафар (2013)[2] ва 1141 нафар (2017)[3], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳнатобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Ворошилов, Гагарин |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1141 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишСоли 1920 ташкил шудааст. Деҳа дар ибтидои солҳои 30 садаи XX дар давраи оғози сохтмони Канали калони Вахш ва обёрии заминҳои водии Вахш бунёд гардида буд. Деҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдо дорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Элтӣ таҳсил менамоянд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ вуҷуд дорад[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ ADLIA. mmih.tj. 9 октябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Гагарин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2