Кенотрон
Кенотрон – диоди электрии халоӣ (вакуумӣ), ки барои рост кардани ҷараёни тағйирёбандаи басомадаш саноатӣ таъйин шудааст. Кенотрон катоди оксидӣ ё карбиддор (мустақиман ё номустақим тафсонанда) ва аноди қабурғашакл дорад. Бартарии кенотрон аз диодҳои газии тахлиявӣ ва нимноқилӣ муқовимат кардани онҳо ба шиддатҳои баланди баргаштӣ мебошад. Кенотронҳои баландволта (шиддат дар анод то 100 кВ, қувваи ҷараёни росткардашуда то 0,5 А) дар дастгоҳҳои андозагирӣ ва озмоишӣ, таҷҳизоти рентгенӣ ва ғайра истифода мешаванд. Кенотронҳои пастшиддати камиқтидор (шиддат то 2 кВ, қувваи ҷараён то 0,4 А) охири солҳои 1980 амалан бо диодҳои росткунандаи нимноқилӣ иваз карда шуданд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.