Килиан Мбаппе
Килиа́н Мбаппе́ Лотте́н (фр. Kylian Mbappé Lottin; талаффузи фаронсавӣ: [kiljan (ɛ)mbape lɔtɛ̃]; 20-уми декабри соли 1998, дар округи XIX-уми Париж) — футболбози африқоитабори фаронсавӣ, ҳамлагари бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» ва сарвони тими миллии Фаронса. Яке аз футболбози ҷавону беҳтарини дунё ба ҳисоб меравад. Қаҳрамони ҷаҳон ва беҳтарин бозикуни ҷавони Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018[5]. Дорандаи Ордени Легиони фахрӣ.
Иттилооти умумӣ | ||
Номи пурра | Килиан Мбаппе Лоттен[1] (фр. Kylian Mbappé Lottin) | |
Лақаб | Донателло (фр. Donatello)[2][3] | |
Таваллуд | 20 декабр 1998 (25 сол) Париж, Фаронса | |
Шаҳрвандӣ | Фаронса | |
Қад | 178[4] см | |
Вазн | 75[4] кг | |
Мавқеъ | ҳамлагар | |
Иттилоот дар бораи бошгоҳ | ||
Бошгоҳ | «ПСЖ» | |
Шумора | 7 | |
Маснад | ||
Бошгоҳҳои ҷавонон | ||
2004—2011 | «Бонди» | |
2011—2013 | «Клерфонтен» | |
2013—2015 | «Монако» | |
Маснади бошгоҳӣ* | ||
2015—2018 | «Монако» | 41 (16) |
2015—2016 | → «Монако II» | 12 (4) |
2017—2018 | → «ПСЖ» | 27 (13) |
2018—то ҳол | «ПСЖ» | 149 (135) |
Мунтахаби миллӣ** | ||
2014—2015 | Фаронса (то 17 сола) | 2 (0) |
2016 | Фаронса (то 19 сола) | 11 (7) |
2017—то ҳол | Фаронса | 67 (38) |
Медалҳои байналмилалӣ | ||
Ҷоми ҷаҳонии футбол | ||
Тилло | Русия 2018 | |
Нуқра | Қатар 2022 | |
Лигаи миллатҳои Урупо | ||
Тилло | Итолиё 2021 | |
* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад. ** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ. | ||
Зиндагинома
вироишПадараш Вилфрид аз муҳоҷирони Камерун буда, дар мактаби футболбозони бошгоҳи «Бонди» мураббӣ (муаллими варзиш) шуда кор мекунанд. Модараш Файза (насаби пешинааш Ламари) — аз табори муҳоҷирони Алҷазоиранд, пештар ҳандболбози касбӣ буданд. Падараш Вилфрид писархоне бо номи Жирес Кембо-Экоко низ доранд, ки вай ҳам футболбози касбӣ ҳастанд.
Мбаппе бо шарофати дастгириҳои падараш, дар яке аз беҳтарин академияҳои футболи Фаронса — «Клерфонтен» афтид, ки онҷо дар замони худ Терри Анри ва Лилиан Тюрам ба воя расида буданд. Барои дар ин академия машқкардани Мбаппе, падараш хеле заҳмат кашидааст.
Дар 13 солагиаш бо ташаббуси Зайниддин Зидон, ки онҷо бо дастаи ҷавонон кор мекард, барои гузаштан ба «Реал Мадрид» имконият пайдо кард.
Аммо барои рафтан ба Испониё, пас аз сӯҳбат бо падараш даст кашид.
Баъд аз ду сол, Мбаппе дар синни 15 солагиаш аввалин шартномаи касбиро бо «Монако» имзо гузошт. Вай барои имзогузориаш, ҳамчун бонус 400 ҳазор евро ва маоши стандартии бозингари академия — 600—700 ҳазор евро дар як моҳро ба даст овард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Simon Rémoussin. Kylian Mbappé, precocious talent(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). AS Monaco FC (24 October 2016). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 октябри 2016.
- ↑ Toby Gannon. Kylian Mbappe’s mum ‘fears Neymar and Dani Alves are teasing her son over Teenage Mutant Ninja Turtles’ Donatello comparison(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). The Sun (11 July 2018). 4 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Alexandre Jaquin. PSG: pourquoi Mbappé est surnommé "Donatello" dans le vestiaire(фр.)(пайванди дастнорас — таърих). RMC Sport (18 septembre 2017). 4 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Kylian Mbappé(фр.). Paris Saint-Germain FC. 4 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2018.
- ↑ Модрич признан лучшим игроком ЧМ-2018, Мбаппе – лучший молодой игрок(пайванди дастнорас — таърих). Чемпионат (15 июли 2018). 15 июли 2018 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироишКилиан Мбаппе дар Викианбор |
- Профиль игрока на официальном сайте «Пари Сен-Жермен»(англ.)