Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022

гурӯҳи Викимедиа

Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 (араб. 2022 كأس العالم لكرة القدم‎, англ. 2022 FIFA World Cup) — 22-юмин давраи Ҷоми ҷаҳонии футболи ФИФА аст, ки аз 20-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 дар Қатар баргузор гардид. Ин нахустин Ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки кишваре аз Шарқи Наздик онро мизбонӣ кард, инчунин бори аввал дар нимкураи Шимолӣ, дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон гузаронида шуд ва ҳамчунин пас аз Ҷоми ҷаҳонии 2002 дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ин дуюмин борест, ки Ҷоми ҷаҳонӣ дар Осиё баргузор шуд. Баргузории «Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022», 2 декабри соли 2010 дар шаҳри Тсюрих, Швейтсария муайян карда шуда буд. Бозии ниҳоӣ — 18-уми декабри соли 2022 дар варзишгоҳи Лусаил, ки дорои 80 000 ҷойи нишасти тамошобинон аст, баргузор гардид[2]. Бо сабаби гармии ҳаво дар Қатар, мусобиқаҳои «Ҷоми ҷаҳонии футбол», чун анъана дар моҳҳои май, июн, июл баргузор нашуд ва бори аввал дар охирҳои моҳи ноябр ва миёнаҳои моҳи декабр, давоми 29 рӯз баргузор карда шуд. Ин ҷом бо ҳазинаи тахминии беш аз 220 млрд доллар дай айни замон пурҳазинатарин Ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки то кунун баргузор шудааст; Ҳарчанд иддаи дигар ин рақамро рад кардаанд ва бар ин боваранд, ки тавсеаи зерсохтҳо қабл аз эҳдои мизбонӣ ба қатариҳо барномарезӣ шуда буд. Онҳо иддао мекунанд, ки ҳазинаи воқеии Ҷоми ҷаҳонӣ 8 млрд доллар аст. Ин мусобиқаи «Ҷоми ҷаҳонии футбол» мебошад, ки дар мусобиқаҳои финалӣ — 32 дастаҳои футболи кишварҳои ҷаҳон иштирок карданд. Фаронса бо мағлуб намудани Хорватия (4:2) дар финали Ҷоми ҷаҳонии 2018, мудофеи унвони қаҳрамонӣ аст.

Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022
Фасли варзишӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол
Логотип
Нигора
Кишвар
Макони кунунӣ
Радаи мусобиқа men's association football[d]
Варзиш футбол
Пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018
Баъдӣ 2026 FIFA World Cup[d]
Шумораи нашр 22
Замони вуқуъ 2022
Замони оғоз 20 ноябр 2022
Замони поён 18 декабр 2022
Арзиш 220 000 000 000 $
Созмондеҳ ФИФА
Намоди хушшонсӣ La'eeb[d]
Бо ҳузури England at the 2022 FIFA World Cup[d], Belgium at the 2022 FIFA World Cup[d], Denmark at the 2022 FIFA World Cup[d], Croatia at the 2022 FIFA World Cup[d], Netherlands at the 2022 FIFA World Cup[d], Poland at the 2022 FIFA World Cup[d], Portugal at the 2022 FIFA World Cup[d], Switzerland at the 2022 FIFA World Cup[d], Serbia at the 2022 FIFA World Cup[d], Spain at the 2022 FIFA World Cup[d], Ghana at the 2022 FIFA World Cup[d], Cameroon at the 2022 FIFA World Cup[d], Morocco at the 2022 FIFA World Cup[d], Senegal at the 2022 FIFA World Cup[d], Tunisia at the 2022 FIFA World Cup[d], Iran at the 2022 FIFA World Cup[d], Japan at the 2022 FIFA World Cup[d], Saudi Arabia at the 2022 FIFA World Cup[d], South Korea at the 2022 FIFA World Cup[d], Brazil at the 2022 FIFA World Cup[d], Argentina at the 2022 FIFA World Cup[d], Ecuador at the 2022 FIFA World Cup[d], Uruguay at the 2022 FIFA World Cup[d], Canada at the 2022 FIFA World Cup[d], United States of America at the 2022 FIFA World Cup[d], Mexico at the 2022 FIFA World Cup[d], Qatar at the 2022 FIFA World Cup[d], Wales at the 2022 FIFA World Cup[d], Australia at the 2022 FIFA World Cup[d], Costa Rica at the 2022 FIFA World Cup[d], Germany at the 2022 FIFA World Cup[d] ва France at the 2022 FIFA World Cup‎[d]
Шумораи ширкаткунандагон 32
Participating team Argentina national football team[d], France national association football team[d], Croatia national association football team[d] ва Morocco national football team[d]
Баранда Argentina national football team[d]
Statistical leader Килиан Мбаппе, Лионел Месси, Enzo Fernández[d] ва Эмиляно Мартинес
Final event 2022 FIFA World Cup Final[d]
Шумораи афроди ҳозир 3 404 252
Шумораи бозии анҷомдода 64
Шумораи голҳо/имтиёзҳои касб 172
Вебгоҳи расмӣ qatar2022.qa(англ.)(ар.)
Хештеги worldcup2022[1]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор


Бо сабаби баҳсҳо оиди ришваситонӣ, дар интихоби кишвари баргузоркунандаи «Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022», ФИФА эҳтимоли на дар кишвари Қатар, балки дар дигар кишвар гузаронидани мусобиқаро дар назар гирифта буд[3].

Ҷойҳои ифтихорӣВироиш

  1.     Аргентина
  2.     Фаронса
  3.     Хорватия
  4.   Марокаш

18 декабри соли 2022 бозии ниҳоӣ байни тимҳои   Аргентина ва   Фаронса дар варзишгоҳи Лусайл барои ишғоли ҷойҳои дуюм ва якум баргузор гардид. Футболбозони Аргентина Лионел Месси ду гол ва Анхел Ди Мария як гол ба дарвозаи Фаронса заданд. Футболбози фаронсавӣ Килиан Мбаппе ба дарвозаи Аргентина се гол зад.

Санаи 17 декабри соли 2022   Хорватия дар бозӣ бо   Марокаш бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуда, сазовори ҷойи сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 гардид.

Тӯби расмӣВироиш

30 марти соли 2022 ширкати Adidas тӯби расмии ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 оид ба футболро муаррифӣ кард.

Тӯб Al Rihla номгузорӣ шуд (дар арабӣ маънояш — «саёҳат»).

Ин тӯб ба фарҳанг, меъмори ва парчами Қатар шабоҳат дорад. Рангҳои дурахшон, кишвари Қатар ва бо суръати баланд равнақ ёфтани бозии футболро таҷассум мекунанд.

ВарзишгоҳВироиш

Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, дар 8 варзишгоҳ, ки дар панҷ шаҳрҳои кишвари Қатар ҷойгиранд баргузор гардид.

Гармии ҳавои Қатарро ба назар гирифта, ҳар як варзишгоҳро бо дастгоҳҳои ҳавохунуккунӣ, ки ҳарорати гармии ҳаворо то +27 °C нигоҳ медоранд, васл намудаанд.

Сохтмони аввалин варзишгоҳ дар соли 2013 оғоз шуда муддати 4 сол тайёр шуд. Дар соли 2021 ҳамаи варзишгоҳҳо барои истифода бурдан омода шуданд.[4][5].

Лусаил Ал-Заур Доҳа
Варзишгоҳи миллӣ Ал-Байт Варзишгоҳии 974 Ал-Тумама
 
Ҷойи нишаст: 88 966
Ҷойи нишаст: 68 895 Ҷойи нишаст: 44 089 Ҷойи нишаст: 44 400
Шаҳрҳои Қатар, ки дар онҳо бозиҳо мегузаранд Варрзишгоҳҳои Доҳа и ва гирду атрофаш
Ар-Райян Ал-Вақра
Халифа Эдюкейшн сити Аҳмад бин Алӣ Ал-Ҷануб
       
Ҷойи нишаст: 45 857 Ҷойи нишаст: 44 667 Ҷойи нишаст: 45 032 Ҷойи нишаст: 44 325

Арзиши мусобиқаВироиш

Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 аз ҳама мусобиқаи қиматнок дар таърих ба ҳисоб меравад.

Барои гузаронидани 22-юмин мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, зиёда аз 220 000 000 000 миллиард $ ҷудо шудааст.

Мукофотҳои пулии мусобиқаВироиш

Ҳамагӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, ФИФА 440 миллион доллари ИМА ҷудо карда буд, ки ин нишондод 40 миллион доллар зиёдтар аст, аз мукофотпулиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018, ки дар Русия баргузор гардида буд. Дар асоси маълумотҳои «РБ Бизнес» тими Аргентина ҳамчун қаҳрамони мусобиқа 42 миллион доллар, Фаронса барои ишғоли ҷойи дуюм 30 миллион доллар, Хорватия барои ишғоли ҷойи сеюми мусобиқа 27 миллион доллар мукофотпулиҳо гирифтаанд.

Пахши мусобиқаВироиш

Дар Тоҷикистон ин мусобиқаро шабакаҳои ТВ Варзиш ва ТВ Футбол ба таври мустақим намоиш доданд, ровиён Парвизи Маҳмадамин ва Бобо Холмуродзода бо забони тоҷикӣ барои ҳаводорон ва тамошобинони футбол хеле шавқовар ин бозиро шарҳ доданд.

Кишвар Намоишдиҳанда Сарчашмаҳо
  Австралия Special Broadcasting Service [6][7]
  Австрия Österreichischer Rundfunk
  Озарбойҷон Ictimai Television
  Албания Radio Televizioni Shqiptar
  Аргентина TV Pública, TyC Sports
  Арманистон Армения 1
  Беларус Беларусь 2, Беларусь 5, ОНТ
  Белгия Vlaamse Radio- en Televisieomroeporganisatie, RTBF
  Булғористон Bulgarian National Television
  Босния ва Ҳерсеговина Radio and Television of Bosnia and Herzegovina
  Бразилия Rede Globo [8]
  Подшоҳии Муттаҳида BBC, ITV, Sky Sports [9]
  Венгрия MTVA
  Ветнам VTV
  Олмон ARD, ZDF [9][10][11]
  Юнон EPT
  Гурҷистон Georgian Public Broadcasting
  Денмарк DR
  Исроил IPBC
  Ҳиндустон Sony SIX [12][13][14]
  Индонезия RCTI
  Ирландия Raidió Teilifís Éirean
  Исландия RÚV TV
  Испания La 1
  Итолиё Rai, Mediaset
  Канада CTV Television Network, Réseau des sports, The Sports Network [7][15]
  Кипр Cyprus Broadcasting Corporation
  Хитой China Central Television
  Taiwan CTS
  Латвия LTV
  Литва LRT Televizija
  Мақдуния Macedonian Radio Television
  Малайзия Astro, RTM
  Малта Public Broadcasting Services
  Мексика Televisa, TV Azteca
  Moldova TRM
  Муғулистон MNB
  Nepal NTV
  Netherlands Nederlandse Omroep Stichting
  New Zealand Sky Sport (New Zealand)
  Norway NRK
  Poland Telewizja Polska
  Португалия RTP [16]
  Кореяи Ҷанубӣ Seoul Broadcasting System, Korean Broadcasting System, Munhwa Broadcasting Corporation
  Қазоқистон Qazaqstan, Хабар, Первый канал Евразия
  Қирғизистон RTP
  Русия Матч ТВ [17]
  Romania Romanian Television
  Сербия Radio Television of Serbia
  Slovakia Radio and Television of Slovakia
  ИМА Fox Broadcasting Company, Telemundo [18][19]
  Тоҷикистон Варзиш ТВ, ТВ Футбол
  Thailand Plan B
  Turkey Turkish Radio and Television Corporation
  Ӯзбекистон O‘zMTRK, Sport, Yoshlar, Mahalla, Sport2
  Украина НОТУ
  France TF1, France Televisions, Canal+
  Finland Yle
  Хорватия Croatian Radiotelevisioр
  Монтенегро RTCG
  Ҷумҳурии Чех Česká televize
  Чили Canal, TVN
   Швейтсария SRG SSR [20]
  Sweden Sveriges Television, TV4 [10][11]
  Эстония Eesti Rahvusringhääling
Шаблон:RSA SABC
  NHK, TV Tokyo

Минтақаҳое, ки мусобиқаро намоиш медиҳанд:

Минтақаҳо Намоишдиҳанда Сарчашмаҳо
EBU [10][21]
Ҷазираҳои Кариб SportsMax [7][22]
ШарқиНаздик, Шарқи Дур, Африқои Шимолӣ beIN Sports Arabia [23][24][25]
Уқёнусҳо Special Broadcasting Service
Африқои Сиёҳ Econet Media, Infront Sports & Media, SuperSport

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. #WorldCup2022 - Twitter Search / Twitter
  2. Six years before kick-off, progress on 2022 World Cup stadiums continues
  3. ФИФА опровергла перенос из Катара ЧМ-2022 по футболу(рус.). Московский комсомолец. 22 июни 2019 санҷида шуд.
  4. Bidding Nation Qatar 2022 – Stadiums. Qatar2022bid.com.
  5. (December 2017) «Football and Sustainability in the Desert, Qatar 2022 Green World Cup's Stadiums: Legal Perspective». European Journal of Social Sciences: 475–493.
  6. Hassett, Sebastian. SBS locks in two more World Cups (28 октябри 2011). Проверено 15 июли 2014.
  7. 7.0 7.1 7.2 FIFA awards further TV rights for 2015–2022(пайванди дастнорас — таърих). FIFA (27 октябри 2011). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 январи 2015.
  8. Globo buys broadcast rights to 2018 and 2022 FIFA World Cups™(пайванди дастнорас — таърих). FIFA (28 феврали 2012). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2012.
  9. 9.0 9.1 Cushnan, David. BBC, ITV, ARD and ZDF sign World Cup TV deals, SportsPro (8 июни 2014). Проверено 15 июли 2014.
  10. 10.0 10.1 10.2 FIFA Executive Committee agrees major governance reforms & Ethics structure(пайванди дастнорас — таърих). FIFA (30 марти 2012). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 апрели 2012.
  11. 11.0 11.1 Connoly, Eoin. ARD and ZDF get rights to 2018 World Cup, SportsPro (2 апрели 2012). Проверено 15 июли 2014.
  12. Sony Six scores World Cup rights deal. Sportbusiness.com (15 январи 2014). 15 июли 2014 санҷида шуд.
  13. Shah, Gouri. Sony SIX wins broadcast rights for FIFA World Cup 2014 and 2018 (15 январи 2014). Проверено 15 июли 2014.
  14. Sony Six bags exclusive rights for FIFA till 2018(пайванди дастнорас — таърих). exchange4media.com (15 январи 2014). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 май 2014.
  15. Bell Media lands deal for FIFA soccer from 2015 through 2022. The Sports Network (27 октябри 2011). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Декабри 2013.
  16. RTP e Seleção Nacional até 2018. RTP (10 апрели 2013). 15 июли 2014 санҷида шуд.
  17. Чемпионат мира в Катаре будет показан только на «Матч ТВ»
  18. Longman, Jeré. Fox and Telemundo Win U.S. Rights to World Cups (21 октябри 2011). Проверено 15 июли 2014.
  19. FIFA awards US TV Rights for 2015–2022, FIFA (21 октябри 2011). Бойгонӣ шудааст 12 июни 2014  сол. Проверено 15 июли 2014.
  20. Connoly, Eoin. SRG secures Swiss World Cup rights until 2022, SportsPro (24 апрели 2012). Проверено 15 июли 2014.
  21. EBU in European media rights deal with FIFA for 2018 and 2022 FIFA World Cups™(пайванди дастнорас — таърих). European Broadcasting Union (30 марти 2012). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2012.
  22. Myers, Sanjay. SportsMax lands long-term FIFA package (28 октябри 2011). Бойгонӣ шудааст 29 октябри 2011  сол. Проверено 15 июли 2014.
  23. Al Jazeera Sport buys broadcast rights to 2018 and 2022 FIFA World Cups™(пайванди дастнорас — таърих). FIFA (26 январи 2011). 15 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 октябри 2014.
  24. Connolly, Eoin. Al Jazeera secures first 2018/2022 rights package, SportsPro (26 январи 2011). Проверено 15 июли 2014.
  25. Al Jazeera Sport rebranded beIN SPORTS. Al Arabiya (31 Декабри 2013). 15 июли 2014 санҷида шуд.

ПайвандҳоВироиш