Кирми Карам (Barathra brassicae), як навъ шапалак, ки карам мехӯрад. Дарозиаш то 50 мм, рангаш ашхаби, сабзча, сабз ё бур аст. Пахноии болҳои кушодаи шапалаки он то 50 мм; боли пеши бури раху холдор ва ранги болҳои кафо нисбатан паст. соле 1 – 3 маротиба насл меорад. Ба пушти барги карам туда – туда 10 – 15 тои тухм ниммудаввари ашхаби ашхаби) мегузорад. Кирмина асосан барги карамро мехурад вале ба тамоку, офтобпараст, лаблабу, нахуд, пиёз, коху ва ғайра низ зарар мерасонад. Зочаи кирми карам зимистонро дар хок мегузаронад ва мохҳои март – апрел ба шапалак табдил меёбад. Тадбирҳои мебориза: шудгори чукури тирамоҳи, дар давраи тухмгузории шапалаки кирми карам ба киштзор сар додани трихограмма (ба хар гектар то 50 ҳазор.); пошидани инсектицидхо ва ғайра.

Нигаред вироиш