Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ


Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (хиёбони Неъмат Қаробоев, 50) — яке аз аввалин муассисаҳои маърифатӣ ва куҳантарин китобхона дар шаҳри Душанбе.

Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Навъ китобхонаи шаҳрӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Нишонӣ Душанбе, н. Фирдавсӣ, хиёб. Неъмат Қаробоев, 50
Таъсис соли 1925
Филиалҳо 12
Фонд
Таркиби захира китобҳо
Дастрасӣ ва истифодабарӣ
Шумораи хонандагон 49 884 наф. (2014)
Дигар иттилоот
Раис Аббосалӣ Давлатов
Кормандон 87 наф.

Таърих

вироиш

Нахустин китобхона-қироатхона дар шаҳри Душанбе аввали соли 1925 ифтитоҳ шуд. Дар заминаи он 13 декабри 1925 китобхонаи шаҳрии шаҳри Душанбе таъсис ёфт. 1-уми январи 1933 дар заминаи Китобхонаи шаҳрӣ китобхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт, ки он соли 1934 номи Абулқосим Фирдавсиро гирифт. Шаҳри Душанбе бе китобхона монд. Шӯрои шаҳрӣ барои китобхона як хонаи похсагӣ ҷудо кард. Китобхона расман 1-уми августи 1933 дар кӯчаи Комсомол, 24 ифтитоҳ ёфт. Дар рӯзҳои аввали кор ба хазинаи китобхона аз Китобхонаи ҷумҳуриявӣ қариб 7 ҳазор адад (асосан китобча ва рисола) ҷудо карданд. Соли 1934 китобхона аз шаҳрҳои Тошканду Самарқанд китобҳои зиёде харидорӣ намуд ва теъдоди китобҳои китобхона ба 16 ҳазор нусха, шумораи хонандагони доимии он ба 601 нафар расид, ки 255 нафарашон мактаббачагон буданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

вироиш

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) самти фаъолияти китобхона тағйир ёфт. Кормандони китобхона ташвиқу тарғиби адабиёти ҳарбиро беҳтар ба роҳ андохта, ба аҳолӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Китобдорон акнун бештар ба тарғиби аёнӣ, намоишҳои мавзӯӣ, лексияву суҳбатҳо, хонишҳои адабӣ ва намоиши китобҳо аҳаммият медоданд. Бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷанг хазинаи китобхона бо нашрияҳои тозанашр пур мегардид. Солҳои 1942-44 ҳар рӯз аз хидмати китобхона то 400 нафар хонанда истифода мебурданд. Дар давоми ҷанг зиёда аз 25 ҳазор китоб дар хидмати маҷрӯҳон гузошта шуд.

Солҳои баъди ҷанг

вироиш

Баъди ҷанг кормандони муассиса фаъолияташонро дар шароити нав ба роҳ монда, баҳри хидматрасонии маданӣ ба аҳолӣ саъю талош менамуданд. Соли 1948 китобхона 15-сола шуд. Ҳамон сол дар китобхона 150 ҳазор нусха китоб нигоҳ дошта мешуд ва ҳамарӯза ба 200—400 хонанда хидмат мерасонд. Дар давоми 40 сол (1933-73) китобхона дар биноҳои кӯҳнаву фарсуда (аввал дар кӯчаи Ленин — назди чойхонаи «Роҳат» ва баъдан дар кӯчаи Орҷоникидзе) ҷойгир буд. Соли 1973 ба бинои нав воқеъ дар хиёбони Неъмат Қаробоев, 50 кӯчид, ки дар он тамоми шароит муҳайёст. Бинои сеошёна бо утоқҳои барҳавои корӣ ва толори васеи хониш ба китобдорон имкон медиҳад, ки ба хонандагон хидматрасониро ҳаматарафа беҳтар намоянд, намоишҳои китоб, шабҳои адабӣ, конференсияву суҳбатҳои хонандагон, вохӯриҳо бо одамони шуҳратманд, адибону фарҳангиён ва дигар чорабиниҳоро дар сатҳи баланд гузаронанд.

Соли 1975 низоми мутамарказонидаи китобхонаҳои оммавии шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки 33 китобхонаро муттаҳид намуд (5 ададашон дар хидмати бачаҳо қарор доштанд). Ин имкон дод, ки китобхона фаъолияташро тақвият бахшад ва дар роҳи татбиқи барномаҳои фарҳангии кишвар ва маърифатнокии аҳолӣ тадбир андешад. Дар солҳои баъдӣ кормандони муассиса мунтазам барои пур гардонидани ха зинаи китобхона, беҳтар намудани сатҳи хидматрасонӣ кӯшиш карданд. Соли 1990 захираи китоби маҷмӯи китобхонаҳои мутамарказонидашудаи пойтахт ва китобхона 1 миллиону 200 ҳазор нусхаро ташкил медод. Соли 1991 ба китобхона 15865 китоби тозанашр ворид шуд. Мутаассифона, ҳодисаи маълуми дар арафаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон рухдода ба кори ин махзани маърифат таъсири манфӣ расонд. Китобхона аксари хонандагони худро аз даст дод ва чанд сол вуруди китоб ба он комилан қатъ гардид. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот кормандони китобхона хидматрасониро ба аҳолӣ давом доданд. Масалан, дар авҷи нобасомониҳо (1992) аҳли заҳмати ин махзани маърифат қариб 945 чорабинии гуногун доир намуданд. Ҳамон сол аз мағозаву коллектори китобхонавӣ 15168 нусха китоб харидорӣ шудааст, ки 5365 нусхааш ба забони тоҷикӣ буд. Дар системаи мутамарказонидаи китобхонаҳои пойтахт соли 1992 панҷ филиал-китобхонаи бачагона ва 23 филиали китобхонаҳои калонсолон (назди корхонаву ташкилот ва муассисаҳои пойтахт) амал менамуданд, ки онҳо ба 49884 нафар хонанда хидмат мерасониданд.

Солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон

вироиш

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгирию маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кӯшиши кормандони муассиса вазъи китобхона тадриҷан беҳтар ва хазинаи он пур гардид. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2014 ба хазинаи китобхона 1613 китоби нав ворид шудааст. Ҳоло дар китобхона беш аз 500 ҳазор адад китоб нигоҳ дошта мешавад. Шумораи хонандагони китобхона низ сол ба сол меафзояд. Дар шаш моҳи соли 2014 зиёда аз 12140 хонанда аз китобхона китоб гирифтаанд. Дар ҳамин давра ҳамчунин ба хонандагон барои истифода дар хона зиёда аз 138000 китоб дода шудааст.

Шуъбаҳои китобхона

вироиш

Ҳоло дар китобхона шуъбаҳои зерин фаъолият доранд:

  • Шуъбаи китобдиҳӣ;
  • Шуъбаи пуркунии хазина ва бақайдгирии китобҳо;
  • Шуъбаи санъат;
  • Шуъбаи захираи фонди китоб;
  • Шуъбаи илмию методӣ;
  • Шуъбаи ахбордиҳӣ ва библиография;
  • Шуъбаи наврасон ва ҷавонон;
  • Шуъбаи адабиёти кӯдакона;
  • Шуъбаи адабиёти форсӣ ва дастхатҳо;
  • Шуъбаи электронӣ.

Филиалҳо

вироиш

Китобхона толори хониши умумӣ дорад. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 12 филиали китобхона амал мекунанд. Китобхона ҳамасола мунтазам ва ба муносибати ҷашнҳои миллӣ, чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, санаҳои муҳимми таърихию фарҳангӣ, ҷашнҳои солгарди адибон ва абармардони миллати тоҷик намоишҳои китоб, маҳфилҳои адабӣ, конференсияи хонандагон, суҳбатҳо, вохӯриҳо ва ғайра баргузор менамояд. Масалан, дар шаш моҳи аввали соли 2014 китобхона 685 чорабинӣ, аз ҷумла 213 намоиши китоб, 25 вохӯрӣ бо намояндагони илму адаб, 4 конференсияи хонандагонро ташкил намудааст.

Кормандон

вироиш

Ҳоло (2014) дар китобхона 87 нафар корманд фаъолият менамояд.

Директорони китобхона

вироиш

Директорони китобхона: Раҷабзода (1933—1934), Удалова А. (1934- 40), Зингерс В. Я. (1940—1945). Сперанская Е. В. (1945-65), Ҳаётов А. (1965—1987), Самиева М. (1987), Холов Р. Х. (1987—2003), Туфалонова Н. (2003—2007), Имомов А. З. (2007—2012), Ҷумъаев Ҷ. (2012—2015), Абдуқодири Абдуқаҳҳор (2015—2023)[1][2], Аббосалӣ Давлатов (аз 2023).

  1. РАО/РО. Абдулқодири Абдуқаҳҳор раиси Китобхонаи Лоҳутӣ шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (19 май 2015). Проверено 6 марти 2023.
  2. Мӯъмин Аҳмадӣ. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, аз мақомаш истеъфо дод(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 марти 2023). Проверено 6 марти 2023.

Сарчашма

вироиш