Хиёбони Неъмат Қаробоев

Хиёбони Неъмат Қаробоев — хиёбонест дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки қисми маркази ва ҷанубии шаҳрро пайванд месозад. Дар соҳили рости дарёи Душанбе воқеъ гардидааст. Дарозиаш — 6 км. Ба поси хотири аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ИҶШС, Неъмат Қаробоев номгузорӣ шудааст.

Хиёбони Неъмат Қаробоев

Маълумоти умуми

вироиш

Ин хиёбон аз тарафи шимол ба ҷануб ва дар соҳили чапи шаҳр ҷойгир аст. Аз майдони Қаробоев, ки дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ҷойгир аст сар мешавад ва дар чорроҳаи кӯчаи Қосимов ба охир мерасад. Ду гузаргоҳи зеризаминӣ дорад. Кӯча аз роҳи мошингарди дуҷониба иборат буда, дар байни он дарахтон шинонида, гулзорҳо бунёд карда, роҳҳои пиёдагард сохта шудаанд. Кӯча рост буда, аз самти шимол ба ҷануб тӯл мекашад ва чандин минтақаи маскуниро бо маҳаллаҳои иқоматии 6, 4, 7 ва ғайра мепайвандад. Дар кӯча соли 1984 нахустин хонаҳои иқоматии серошёнаи деворҳояшон бетонии силсилаи нав бо намои зебову ороишёфта, инчунин бинои бетонии 64-манзилӣ бо фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хидмати маишӣ дар чорраҳаи кӯчаҳои Абдусалом Деҳотӣ ва Неъмат Қаробоев қомат афрохтанд.

Кӯча дар ҷануб бо маркази калони мошингард ва «Бозори Корвон» анҷом мепазирад. Бо кӯчаҳои зерин бархурд дорад:

  1. хиёбони Саъдӣ Шерозӣ
  2. кӯчаи Миралӣ Маҳмадалӣ (қаблан Юлиус Фучик)
  3. кӯчаи Мушфиқӣ
  4. кӯчаи Шестапавлов
  5. кӯчаи Абай
  6. кӯчаи Абдусалом Деҳотӣ
  7. кӯчаи Ҷомӣ
  8. кӯчаи Фирдавсӣ
  9. кӯчаи Қосимов
  10. кӯчаи Ҷанубӣ

Таърих

вироиш
  • Дар соли 1970 сохтмони роҳи васеъ ва аз чор қисмат иборат дар ин хиёбон сохта шуд.
  • Дар соли 1980, дар ин хиёбон, дар минтақаи чорроҳаи кӯчаи Ҷомӣ, ҳавопаймои Ил-18 гузошта шуда буданд ва ҳамчун кинотеатр истифода мешуд.
  • Солҳои 1990 дар қисмати ҷануби кӯча нахустин бор сохтмони силсилаи нави хонаҳои 9-ошёнаи системаи «МУБ» (маҷмаа, умумӣ, беболор) оғоз гардид.
  • Дар солҳои 2011—2012 ин хиёбонро таъмиру аз навсозӣ кардаанд, қисмати гузаргоҳҳо ва пиёдагард васеъ карда шуд, истгоҳҳо барои нақлиёти ҷамъияти сохта шудаанд.

Сохтмону муассисаҳо

вироиш
Дар оғози хиёбон аз тарафи рост
Дар оғози хиёбон аз тарафи чап
  • Сирки давлатии Тоҷикистон;
  • Меҳмонхонаи «Фарҳанг»;
  • Маҷмааи савдои «АК»;
  • Суди шаҳри Душанбе;
  • Филиали Бонки Эсхата;
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ (хиёбони Неъмат Қаробоев, 40);
  • Маҷмаи биноҳои Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ;
  • Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Агентии «Тоҷикстандарт»;
  • Раёсати андози шаҳри Душанбе;
  • Шуъбаи корҳои дохилӣ;
  • Суди ноҳияи Фирдавсӣ;
  • ҶСК «Тоҷиккомунпроект»;
  • КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»;
  • Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе;
  • КВД Институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз»;
  • Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;
  • Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Бозори «Султони Кабир»;
  • Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»;
  • Тарабхонаи «Фирдавсӣ»;
  • Тарабхонаи «Суғдиён»;
  • Маркази савдои «Осиё»;
  • Маркази миллии ташхис (Диагностика);
  • Дорухонаи «Кафолат»;
  • Филиали Спитамен бонк;
  • Бонки Ҳумо.

Нақлиёти ҷамъиятӣ

вироиш

Галерея

вироиш
 
Бинои сирки Тоҷикистон дар аввали хиёбони Неъмат Қаробоев
 
Маркази хизматрасонии Содот
 
Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон
 
Хиёбони Неъмат Қаробоев, зимистони соли 2008

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш