Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович; тав. 15 декабри 1967, деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ном ҳангоми таваллуд | Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович |
---|---|
Таърихи таваллуд | 15 декабр 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | рӯзноманигор |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишАбдуқодир Талбаков 15 декабри соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро солҳои 1975—1985 дар мактаби миёнаи умумии № 19-и зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1987—1989 дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1995 Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
вироишАбдуқодири Абдуқаҳҳор фаъолияташро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст:
- 1995—1998 — муҳаррири саридораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон;
- 1998—1999 — муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 1999—2001 — муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2001—2002 — сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2002—2002 — муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2002—2004 — шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2004—2005 — муҳаррири варзидаи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2006—2012 — директори Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2012—2014 — сарварии Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»;
- 2014—2015 — сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
- 2015—2023 — директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ[1][2][3].
Вакили Маҷлиси вакилони халиқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвати чорум мебошад. Дар таҳияи чандин филмҳо нақш дорад.
Ҷоизаҳо
вироишСоли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст.
Хонавода
вироишОиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 духтар ва як писар аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ РАО/РО. Абдулқодири Абдуқаҳҳор раиси Китобхонаи Лоҳутӣ шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (19 май 2015). Проверено 6 марти 2023.
- ↑ Мӯъмин Аҳмадӣ. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, аз мақомаш истеъфо дод(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 марти 2023). Проверено 6 марти 2023.
- ↑ Мазҳаб Ҷумъа. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, истеъфояш ба таъсиси ҷамъияти “Зардуштиён” рабт надорад. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 марти 2023). 6 марти 2023 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Абдуқодири Абдуқаҳор | TojNews. tojnews.org. 21 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 май 2019.