Комрон Қуратов

омӯзгори таърих, номзади илмҳои таърих (2015), дотсент

Комрон Адунабиевич Қуратов (тав. 23.10.1987, д. Некнот, ноҳияи Панҷакент) — омӯзгори таърих, номзади илмҳои таърих (2015), дотсент.

Комрон Қуратов
Комрон Адунабиевич Қуратов
Таърихи таваллуд 23 октябр 1987(1987-10-23) (37 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Комрон Қуратов хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010), шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Новосибирск (2014), солҳои 2015-2019 ассистент ва муаллими калони кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аввал ба сифати котиби Шурои олимон ва баъдан ба сифати муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия ифои вазифа дорад.

Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Таъсири буҳрони Афғонистон ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст (2015). Номбурда муаллифи 3 монография, 40 мақолаи илмӣ ва 4 дастури таълимиву методӣ мебошад.

  • Влияние афганского конфликта на национальную безопасность Республики Таджикистан (1991-2014 гг.). Д., 2017;
  • Новая история стран Азии и Африки // Учебнометодический комплекс. - Д., 2018;
  • Таърихи Афғонистон // Барномаи таълимӣ-методӣ. Д., 2019;
  • Ҷорҷ Вашингтон (ҳаёт, фаъолияти низомӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ) // Очерки таърихӣ-биографӣ. - Д., 2020;
  • Осиёи Ҷанубу Шарқӣ; шинохти вазъи динӣ ва мазҳабӣ. Д., 2021.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ