Корвон (шаҳр)
Корвон (қирғ. Кербен) — шаҳр дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон. Ба ноҳияи Оқсӣ дохил аст.
Шаҳр | |
Кербен | |
Кишвар | Қирғизистон |
Вилоят | Ҷалолобод |
ноҳия | Оқсӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Шаҳр аз | 2004 |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 1 296 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 30 646 тан (2022) |
Миллият | қирғизҳо ва ғ. |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | қирғизӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | 720600 |
Коди мошин | 04 ва D |
kerben.aksy.kg(қирғ.) | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишДеҳа соли 1930 бо номи қирғ. Караван (Корвон) ташкил шудааст. 4 октябри соли 2004 ба деҳа мақоми шаҳри тобеи ноҳиявӣ бо номи қирғ. Кербен дода шуд.
Ҷуғрофия
вироишШаҳр дар самти шимолу ғарбии маркази вилоят – шаҳри Ҷалолобод дар масофаи 220 км, 60 км аз роҳи оҳани шаҳри Тошкумур ҷойгир аст.
Шаҳри Корвон дар маркази ноҳияи Оқсӣ воқеъ буда, дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ шудааст.
Замин ҳамвор аст. Иқлим континенталӣ аст. Зимистон сахт, тобистон гарм аст. Ҳарорати миёнаи солона +12 дараҷа аст.
Аҳолӣ
вироишДар ҳудуди ҳукумати шаҳри Корвон 7 маҳаллаи аҳолинишин мавҷуд аст: Корвон, Оқтеппа, Қулуқтеппа, Ҷетиген, Курулуш, Устухон ва Мамай.
То 1 январи соли 2004 аҳолии шаҳри Корвон якҷоя бо деҳаҳои ҳамсоя 22408 нафар ё 11,2% аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Аҳолии шаҳр 13433 нафар, аҳолии деҳот 8975 нафар.
Дар шаҳр намояндагони тақрибан 19 миллат зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла: қирғизҳо – 19943 нафар (89%), узбакҳо – 1994 нафар (8,9%), русҳо – 314 нафар (1,4%), дигарон – 157 нафар (0,7%).