Ноҳияи Оқсӣ
Ноҳияи Оқсӣ (қирғ. Аксы району) воҳиди маъмурии вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Маркази маъмурӣ — шаҳри Кербен (Корвон) мебошад.
русӣ: Джанги-Джольский район | |
Кишвар | [[|]] |
Маркази маъмурӣ | Корвон (шаҳр) |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 29 октябр 1935 |
Масоҳат |
|
Вақти минтақавӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Таърих
вироишНоҳия 29 октябри соли 1935 бо номи ноҳияи Тош-Кӯмир ташкил шудааст[1] . 16 ноябри соли 1942 он ноҳияи Ҷани-Ҷол номида шуд ва то 6 марти соли 1992 ин номро дошт [2]. Дар баробари ин маркази ноҳия аз Тош-Кӯмир ба деҳаи Чон-Оқ-Ҷол[3] гузаронида шуд, ки он номи Ҷанӣ-Ҷолро [4] гирифт. 29 октябри соли 1958 ноҳияи Корвон [5] ба нохияи Ҷани-Ҷол пайваст карда шуд. То соли 1990 дар ҳайати вилояти Ӯш буд.
География
вироишНоҳия дар шимолу ғарби маркази вилоят — шаҳри Ҷалолобод, дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр, дар канори шимолии водии Фарғона ҷойгир аст.
Ноҳияи Оқсӣ бо 4 ноҳияи (Янги-Қӯрғон, Чартак, Уйчин ва Уч-Қӯрғон) вилояти Намангони Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Дарозии марзи вилояти Оқсӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 142 километрро ташкил медиҳад.
Дар худуди ноҳия (Тиён-Шони Ғарбӣ) таъсис ёфта, ҳоло амал мекунанд:
- Боғи давлатии Авлетим-Ота,
- Хоҷагии ҷангали Аркит (соли 1939 таъсис ёфтааст),
- мамнӯъгоҳи давлатии Падишатин,
- мамнӯъгоҳи давлатии биосферии Сари-Челек,
- мамнӯъгоҳи ботаникии Разан-Сой,
- мамнӯъгоҳи ботаники Ҷел-Тийбес,
- мамнӯъгоҳи ҷангали Балтир-Хон,
- мамнӯъгоҳи гидрогеологи (ёдгории табиӣ) «Кӯҳҳои Қаро-Ҷиғоч», инчунин ёдгории таърихии кандакориҳои рӯи харсангҳо (гурӯҳи Тош-Кемур).
Аҳолӣ
вироишТибқи барӯйхатгирии Қирғизистон дар соли 2009 аз 113 010 нафар сокинони минтақа 107 447 нафарро қирғизҳо (ё 95,1%), узбакҳо 4802 нафар ё 4,2%, русҳо 305 нафар ё 0,3% ташкил медиҳанд.
Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ
вироишНоҳияи Оқсӣ 11 ҷамоати деҳотро[6] дар бар мегирад:
- ҷамоати деҳоти Авлетим — д. Авлетим;
- ҷамоати деҳоти Оқҷол — д. Оқ-Ҷол;
- ҷамоати деҳоти Оқ-Сув — д. Оқ-Сув;
- ҷамоати деҳоти Ҷани-Ҷол — д. Ҷани-Ҷол;
- ҷамоати деҳоти Ҷирга-Тол — д. Ҷирга-Тол;
- ҷамоати деҳот Қаро-Ҷиғоч — д. Қаро-Ҷиғоч;
- ҷамоати деҳоти Қаро-Сув — д. Қаро-Сув;
- ҷамоати деҳоти Қашқа-Сув — д. Қашқа-Сув;
- ҷамоати деҳоти Қизил-Тув — д. Қизил-Тув;
- ҷамоати деҳоти Қӯш-Теппа— д. Қӯш-Теппа.
- ҷамоати деҳоти Ӯч-Қӯрғон — д. Норин.
Ҳудудҳои баҳсбарангез
вироишДар қисмати сарҳади давлатии вилояти Оқсӣ бо Ӯзбекистон 8 қитъаи баҳсбарангез мавҷуд аст, ки масоҳати умумии 513 гектарро ташкил медиҳад. Номуайянии сарҳад сабаби аслии низоъҳои миёни шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ аст.
Рӯзҳои 16-18-уми марти соли 2002 дар ноҳияи Оқсӣ миёни аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ задухӯрд ба амал омад. Яке аз талабҳои мардум сарпечӣ аз тасвиби созишномаи соли 1999 дар бораи марзи давлатии Қирғизистону Чин буд.
Вақтҳои охир аз сабаби паст будани некӯаҳволии моддӣ дар минтақа, ба шимоли кишвар ва инчунин ба Русия рафтани оммавии аҳолӣ мушоҳида мешавад[7].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Изменения в АТД Киргизии. — С. 8.
- ↑ Изменения в АТД Киргизии. — С. 18.
- ↑ Информационные сообщения // Ведомости Верховного Совета СССР. — 1943. — № 20 (226). — С. 2.
- ↑ Информационные сообщения // Ведомости Верховного Совета СССР. — 1943. — № 24 (230). — С. 2.
- ↑ Ведомости Верховного Совета СССР. № 31 (926), 1958 г.
- ↑ Аильные округа и сёла Джалал — Абадской области(пайванди дастнорас)
- ↑ Молодежь покидает юг Кыргызстана(пайванди дастнорас)