Корхонаи «Сайри Суғд»

Корхонаи «Сайри Суғд» — дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар мавзеи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд 19 ноябри соли 2024 мавриди истифода қарор дода шудааст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

вироиш

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он 15 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд.

Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад. Айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.

Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо истифода мешаванд, ба таври автоматикӣ ва ё тариқи робот идора мешаванд. Як қисмати ашёи хом чун моддаҳои пластикӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд. Ашёи хоми асосӣ, яъне фулузоти оҳан ватанӣ аст. Мотороллерҳои барқии «Сайри Суғд» ба хориҷи кишвар ҳам содирот мешавад ва тибқи иттилои роҳбари корхона самтҳои содирот ояндаи наздик бештар хоҳад шуд.[1]

Нигаред низ

вироиш