Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 2008 оғоз гардид. Соли 2015 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» ба тасвиб расид. Мутобиқи банди якуми қарори мазкур дар мавзеи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии шакли истеҳсолию инноватсионии «Суғд» дар масоҳати 320 гектар замин таъсис ёфт.

Ҳаҷми сармояи мустақим ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 - 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»Вироиш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» то имрўз 27 субъект ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015, зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят Корхонаи коркарди чўбу тахтаи «Арча», ки дар назди ҶДММ «Фортуна КО» бунёд шудааст, ифтитоҳ шуд. Оид ба истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки соли 2015 аз ҷониби ҳамаи субъектҳо ба маблағи 57,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 55 миллион сомонӣ рост меояд.[1]

МОИ-ӣ Тоҷикистон дар соли 2020Вироиш

19 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир (январи соли 2021) ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.[2]

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш