Корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ
Корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ — дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон воқеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишКорхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер” корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор дорад. Санги асос барои бунёди корхона моҳи ноябри соли 2022 аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд ва он дар муддати ду сол бо сифати баланд сохта шуд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар дар масоҳати 3000 метри мураббаъ бо харҷи 5,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳабибулло Муқимов дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди саноат бунёд гардидааст. Дар корхона наздики 30 намуд маҳсулоти гуногуни металлӣ барои бинокорӣ истеҳсол шуда, иқтидори он дар як моҳ беш аз 3000 метри тӯлонӣ бомпӯшҳои тунукагӣ мебошад. Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Бо афзун гардидани истеҳсоли ин намуд маҳсулот дар кишвар воридоти он аз хориҷ 40% коҳиш ёфтааст.
Дар корхона се хатти муосири технологӣ дастрас ва насб гардида, дар он новадон, пуштаи бом, ҳамвораҳо барои роғҳои иморат, пайвандак, қубур ва бомпӯшҳои гуногуни тунукагӣ бо назардошти талаботи бозор истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба бомпӯшҳои тунукагӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Бунёди корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона дар шаҳри Бохтар(тоҷ.) (10 сентябри 2024). 10 ноябри 2024 санҷида шуд.