Корхонаи истеҳсоли армстронг

Корхонаи истеҳсоли армстронг — дар Минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон воқеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

вироиш

Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.

Хатҳои технологӣ ба коргоҳ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад. Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар маҷмуъ бо 150 шаклу дизайни муосир истеҳсол мешавад. Ҳамчунин имкон аст, ки маҳсулот дар асоси интихоби дизайн ва фармоиши мизоҷон омода гардад.

Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. www.president.tj. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли армстронг дар ноҳияи Ёвон(тоҷ.) (10 ноябри 2024). 8 ноябри 2024 санҷида шуд.