Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар шаҳри Хоруғ
Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар шаҳри Хоруғ — дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишКорхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ, ки аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помир-энергосервис” Абдулатиф Амонуллоев бунёд гардидааст, дар сохтмони хатҳои интиқоли баландшиддати неруи барқ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти назаррас дорад.
Дар Корхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ 30 нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва маоши аз 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ таъмин шуданд. Дар худи Корхонаи “Помир-энергосервис” 65 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кор таъмин мебошанд. Дар корхона чор таҷҳизоти калонҳаҷми худкор ва шаш дастгоҳи хурди истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст. Дар Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ истеҳсоли куттиҳои барқӣ, дарвозаҳои оҳанин, асбобҳои рӯзгор, сутунпояҳои чароғҳои равшандиҳанда, таҷҳизот барои сутунпояҳои хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва садҳо номгӯйи таҷҳизоти зарурӣ, ки аз тахтаҳои оҳанин фармоиш дода мешавад, истеҳсол мегардад.
Корхона дар шафати роҳи автомобилгарди сатҳи байналмилалии “Хоруғ-Мурғоб-Қулма” қомат афрохтааст, ки яке аз иншооти саноатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар шаҳри Хоруғ(тоҷ.) (17 августи 2023). 10 ноябри 2024 санҷида шуд.