Кубравия (ар. كبروية‎) — силсилаи тариқати сӯфияи ҳанафияи аҳли суннат ва ҷамоат, ки асосгузори он Аҳмад Наҷмуддини Кубро аст. Кубравия силсилаи тариқати ҳанафияи ихвонияи сӯфияи басо интишорёфтаи Осиёи Миёна ва қисман Эрон мебошад.

Намояндагон

вироиш

Бузургтарин намояндагон ва мубаллиғони ҳанафимазҳаби таълимоти ин силсилаи шариф Наҷмуддини Розӣ, Саъдуддини Ҳамавӣ, Сайфуддини Бохарзӣ, Алоуддавлаи Симнонӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хуталонӣ, Амир Сайид Муҳаммад Амин ибни Алии Ҳамадонӣ, Мир Сайид Ошиқи Бухорӣ, Сайид Ҳусайни Хоразмӣ, Сайид Ҳасанхоҷаи Хоразмӣ, Шамси Табрезӣ, Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ, Шоҳ Амир Сайид Убайдуллоҳи Валӣ, Сайид Ашрафи Ҷаҳонгир, Амир Сайид Нуриддин, Амир Сайид Бобохоҷаи Валӣ ва дигарон мебошанд 139—140.