Кумед
Кумед — мулкест дар болооби дарёи Вахш, сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ.[1] Ин кишварро дар сарчашмањои қадими Ҳинд «Кумит» (Кумот, Гемидо, Кумид, Кумед) номидаанд. Кишвари Кумед қисмати ҷануби сарзамини водии имрӯзаи Қаротегин, мавзеъҳои Норак, ҳавзаи дарёҳои Кофарниҳон ва Қаратоғро дар бар мегирифтааст. Кӯҳи қисмати шимолии Кумедро «Суман» ё «Сумана» мегуфтаанд. Маънои номи кӯҳи Суман ё Суманаро дар асарҳои санскритӣ — зебо, нозанин, дилрабо, ёсуман (номи гул), ҳусн, доно, болидарӯҳ, хурсанд, некӯ, шодмон, зебочеҳра, хушбахт, некӣ, шинохташаванда, пиндори нек ва ғайра маънидод кардаанд.[2]
Эзоҳ
вироишВаны