Кӯрмуш, ангуштбурак, ҷинси ҳайвони ширмак аз катори хояндахо. Думи кӯтоҳ, сари калон, чашмҳои хурд, дандонҳои пеши дароз ва муинаи нарм дорад. дарозии танаш то 13 см мешавад. Ҳаёти зеризамини мегузаронад, ба руйи замин кам мебарояд. дар даштхо ва биёбонҳои Аврупо ва Осиё васеъ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон як намуди кӯрмуш — кӯрмуши мукаррари вомехурад. Дар як мушхона то 10 — 15 тоӣ ҳаёт мегузаронанд. Фаслҳои гарми сол (баҳор ва тирамоҳ) фаъолона афзоиш мекунанд. аз ду то панч бача мезоянд. Ба кишти рустаниҳои бисёрсола, нихоли дарахтхо ва иншооти обёри зарар мерасонад.