Кӯчаи Шевченко
Шевченко — кӯча дар соҳили чапи дарёи Душанбе.
Дар сарнақшаи солҳои 1948—1955 шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шудааст. Ба самти шимолу ҷануб тӯл кашидааст. Дар шимол давоми кӯчаи Теҳрон (собиқ Горкий) буда, ба самти ҷануб то майдони Ғалаба дар чандроҳаи кӯчаи Айнӣ тӯл мекашад. Аз кӯчаи Шевченко якчанд кӯча (профессор Ҳусейнзода, Бухоро) оғоз шуда, ба самти шарқ ба сӯи хиёбони Рӯдакӣ тӯл кашидаанд. Дарозии кӯчаи Шевченко — 800 метр. Дар тарафи ғарби кӯча асосан иншооти шаҳри кӯҳна қад-қади хамии соҳили чапи дарёи Душанбе ҷойгиранд. Дар шафати чорроҳи хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бунёди хонаҳои хиштии 4-ошёна бо муассисаҳои савдо ва хидмати маишӣ (масалан, ширкати «Доро») оғоз ёфтааст. Дар тарафи шарқи кӯча иморатҳои иқоматии 2-3-ошёнаи сохти солҳои 1940—1950, инчунин якчанд корхонаи тиҷоратӣ бунёд ёфтаанд.
Ба он номи шоир, рассом, мутафаккир ва инқилобиии украйнӣ Тарас Шевченко гузошта шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шевченко // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 703. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.