Майдони Ғалаба
Майдони Ғалаба — яке аз майдонҳои шаҳри Душанбе, ки кӯчаи Шевченко, хиёбонҳои академикҳо Раҷабовҳо, Саъдӣ Шерозӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Назаршоевро ба ҳам мепайвандад.
Дар солҳои 60 асри 20 бунёд шудааст. Унсури асосии майдон Муҷассамаи Ғалаба дар шакли ду сутуни амудӣ ва тонки ИС-2 мебошад.
Дар соли 1944 дар ақибгоҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷамъоварии маблағ тавонистанд 10 тонк харидорӣ кунанд ва ба ҷабҳа бифиристанд. Ин тонк дар амалиёти Висла-Одер ба унвони бахше аз яке аз воҳидҳои ҷабҳаи дувуми Беларус ширкат кард[1][2].
Пас аз Ҷанги бузурги ватанӣ яке аз ин тонкҳоро тавассути қатора ба Душанбе оварда, ба дивизияи 201-уми Артиши Шӯравӣ супурданд[3]. Баъдан дар соли 1985 ба шарафи 40-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ бо бо қарори ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамчун нишони қаҳрамонии ҷавонмардони Тоҷикистон дар Майдони Ғалаба гузошта шуд[4].
Майдони пеши муҷассама обод карда шудааст ва роҳравҳои рӯизаминӣ дорад. Солҳои 2000—2002 қитъаи асосии роҳ тармим карда шуд. Бинои Раёсати шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯбарӯи майдон аст. Дар самти ҷануб, шимол ва шимолу ғарби майдон хонаҳои 3-4-ошёна (дар қабати якумашон нуқтаҳои савдо мавҷуданд) ҷой гирифтаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Знают ли жители Душанбе историю памятника-танка?. rus.ozodi.org. 8 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Танк-памятник в центре Душанбе находится в хорошем техническом состоянии(рус.). Радио Озоди.
- ↑ Зарангези Наврӯзшоҳ. "Танки маркази Душанбе метавонад тир холӣ кунад" (ВИДЕО)(тоҷ.), Радиои Озодӣ (30 апрели 2014). Проверено 8 феврали 2023.
- ↑ Иззатбек Идизода. Танки Душанбе тир холӣ мекунад?, Рӯзномаи "Тоҷикистон", №19 (8 май 2014), стр. 4.(пайванди дастнорас)
Адабиёт
вироиш- Майдони Ғалаба // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 381. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.