Кӯчак (оҳанг)
Кӯчак — 1. Яке аз мақомҳои (оҳангҳо) 12-гона дар таркиботи мусиқии мақомӣ (ас. XII-XVII). «Кӯчакро» аз «Исфаҳон» истихроҷ намудаанд.
2. Дар таълифоти мусиқии Сафиуддини Урмавӣ (1224-1294). Хоҷа Абдуқодир (1356-1435)
Кӯчак бо номи «Зерафканд» зикр шуда, иборат аз ду шӯъба: «Ракб», «Баёт»-и дорои ним бонг, ки аз нахустин нағмаи «Гардония» оғоз шуда, ба «Муҳайяр»-у «Ироқ», «Моя», «Найрез», «Сегоҳ» рафта, дар «Ушшоқ» боз мегардад».
3. Кӯчак дар доираи кавокиб ба бурҷи Ҳут нисбат дода, дар он ҳасрату яъс, фиғон инъикос ёфта.
4. Дар маҷмӯи мақомҳои 12-гона Кӯчак чаҳорумин лаҳн дониста, фосилаи чаҳоруми дуруст (зуларбаъ) аст.
5. Дар таркиботи мақомҳои эронӣ (дастгоҳ) Кӯчак таҳрире дар мақоми «Шӯр», баъд аз «Уззол» ва «Сафо» иҷро мешавад.
Адабиёт
вироишАбдуқодири Мароғӣ, Мақосиду-л-алҳон, Теҳрон, 1356; Сафиуддини Урмавӣ, Китобу-л-адвор, Теҳрон,1385; Вожаномаи мусиқӣ..., Теҳрон, 1375; Фа-рҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377; Ражабов И. Мақомлар масаласига доир, Тош., 1963.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 104 ISBN 978-99947-49-13-3
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |