Лабчанг - (чангқовуз, чангқавуз), сози мусиқии филиззии камоншакли забончадор, ки аз қадимулаём бо номҳои гуногун дар байни бисёр халқҳои ҷаҳон машҳур аст.

Ҳангоми навохтан онро байни лабон гузошта бо дандонҳо озодона медоранд ва забонро аз паси он каме қафотар нигоҳ медоранд. Лабчангро аз думчааш медоранд ва бо ангушти дасти рост забончаи ба мисли неши каждум каҷашро мувофиқи зарбу усули ин ё он нағмае ба ларзиш меоранд. Барои ба вуҷуд овардани нағма ҷараёни нафасро ба ҳаракати забон тағйир медиҳанд. Дарозии лабчанг тахминан 8-12 см мешавад.

Дар Тоҷикистон лабчанг машҳур буда, онро асосан занҳо менавозанд. Бинобар ин созро баъзан «Чанги занона» низ мегӯянд. Лабчанг якчанд шаклу намуд дорад. Бо вуҷуди аз физзилоти гуногун: оҳан, биринҷӣ, мисс ва нуқра сохта шудан ҷиҳати овозиаш фарқ намекунад. Лабчанг (чангқобуз) дар байни халқҳои Сибир, Шарқи Дур, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Европа, Африка ва ғ. маъмул аст. Дар садаи XIX дар як қатор мамлакатҳои Европа ҳамчун сози мусиқии консертӣ истифода мешуд. Ҳоло ҳамчун сози якканавозӣ ва ансамблӣ маъмул аст.

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.3 - Душанбе,2004,
  • Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980.

Адабиёт вироиш