Лайлӣ Яъқубҷоновна Бобоева (13.08.1963, Душанбе) — доктори илми фалсафа (2009).

Лайлӣ Бобоева
Лайлӣ Яъқубҷоновна Бобоева
Таърихи таваллуд 13 август 1963(1963-08-13) (61 сол)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академия илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Маскав

Зиндагинома

вироиш

Лайлӣ Яъқубҷоновна Бобоева соли 1985 факултаи фалсафаи Университети давлатии Маскавро хатм намуда, дар аспирантураи он хондааст. Ба сифати муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафаи ИДПД (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ), муҳаққиқи факултаи фалсафаи Университети давлатии шаҳри Маскав, сармутахассиси (1990—2000) кор карда, солҳои 2000—2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Ҳоло корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Камбизоатӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳвари аслии таҳқиқоташро фароҳам овардааст.

  • Проблемы художественного творчества в эстетике И. И. Лапшина. — М., 1995;
  • Бедность и социальная политика государства в Республике Таджикистан. — Д., 2008.[1]