Латиф Шарифович Раҷабов (тав. 13.05.1909 ш. Хуҷанд – ваф. маълум нест), кимиёшиноси тоҷик, доктори илмҳои химия (1950), дотсент (1940).

Латиф Раҷабов
Латиф Шарифович Раҷабов
Таърихи таваллуд 13 май 1909(1909-05-13) (115 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1927–1931 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дар ш. Самарқанд таҳсил кардааст. Солҳои 1927– 1928 муаллими химияи мактаби миёна дар ш. Самарқанд, 1928–1929 муаллими химия дар факултети коргарии ш. Самарқанд, 1929–1931 муаллими химия дар Донишгоҳи коргарии шабонаи ш. Самарқанд, 1931– 1934 муаллими калони химия дар Донишгоҳи давлатии ш. Самарқанд, 1934–1938 дотсенти Донишкадаи тоҷикии муаллимии ш. Тошкент, 1938– 1941 мудири кафедраи химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод, 1941–1944 мудири Омӯзишгоҳи химия дар филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС дар ш. Сталинобод, 1944–1949 докторанти АИ ИҶШС дар ш. Москва буд. Солҳои 1951–1954 ҳамчун мудири кафедраи химияи Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи ш. Сталинобод, 1954– 1963 дотсент ва мудири кафедраи химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ ва маводҳои таълимӣ барои донишҷӯён мебошад. Дар конференсияҳои илмию назариявии ҷумҳуриявӣ ва умумиитифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба дар тайёр намудани ҳазорҳо нафар мутахассисон саҳми калон гузоштааст.

Русско-таджикский терминологический словарь, Сталинабад, 1948; Компонентный состав торфяного дегтя // Известия АН СССР, 1949; Органическая химия, Сталинабад, 1941; Химическое исследование нейтрального масла торфяного дегтя // Известия АН СССР, 1949; Асфальтены торфяного дегтя // Известия АН СССР, 1949; Основные принципы новой таджикской терминологии по неорганической химии, Сталинабад, 1948.

Пайвандҳо

вироиш