Харгӯши баҳрӣ, лахтак (лот. Erignathus barbatus) — ҳайвони баҳрӣ аз гурӯҳи белпойҳо. Дарозиаш 2, 2-2, 6 м, вазнаш 225-360 кг. Нараш аз модааш калонтар. Тахтапушташ бо пашми чигарии ҳокистартоб ва қисми шикамаш бо пашми ҳокистари пушида шудааст. Ранги навзодаш сиёҳ. Лахтак дар минтакаҳои арктикии Атлантика, дар баҳрҳои Сафед, Баренц,Кара,Чукот,Беринг ва Охота пахн щудааст. Одатан дар чойҳои тунукоб танҳо-танҳо зиндагӣ карда, бо ҳайвонҳои майдаи бемухра ва баъзан моҳиҳо ғизо мекунанд. Дар қабати барфҳои доими лона сохта, баҳорон дар яхҳои шиновар якто бача мезоянд. Даври тулаш тобистон. Барои пуст ва равған шикор мекунанд.

Лахтак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Erignathus barbatus Erxleben, 1777
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш